14:54:27 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI-ро расонаӣ кард, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

"Бо камоли хушнудӣ Шуморо Аълоҳазрат, дар иртибот бо қабул намудани савганд ва оғози фаъолиятатон дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания самимона табрик ва муборакбод менамоям. Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам. Хоҳишмандам эҳтирому арҷгузории амиқи моро қабул намоед".

ххх

Шоми якшанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар асоси устувор мегузоранд. Санадҳо, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.

ххх

Бар асари ҳамлаи афроди номаълум  ба идораи пулис дар вилояти Шинҷони Чин 13 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Синхуа навишт, ки дар ин ҳамла се маъмури пулис низ захмӣ шудаанд. Ҳукумати Шинҷон ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст, ки ҳамлаварон як ё ду мошини бомбгузоришударо ба бинои идораи пулис равона карда, онро таркондаанд. Тайи моҳҳои ахир нооромӣ дар Вилояти Шинҷон, ки аксарияти аҳолиаш уйғӯрҳои мусулмонанд бештар шудааст. Моҳи гузашта дар бомбгузорие дар бозори шаҳри Урумчӣ маркази вилояти Шинҷон, 43 нафар кушта шуданд.

ххх

Тибқи қароре, ки ахиран сарвазири Русия Дмитрий Медведев имзо кард, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хидматӣ ва дипломатӣ имкони вуруд ба қаламрави ин кишвар доранд. Бино ба навиштаи сомонаи расмии Ҳукумати Русия  тибқи муқаррароти соли 2005 вуруд ва хориҷшавӣ, будубош ва ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия имкон дошт бо шиносномаҳои дохилӣ, ё шаҳодатномаи таваллуд (барои кӯдакони ноболиғ) сурат бигирад. Акнун ин ин қарор, ки 21-уми сентябри соли 2005 имзо шуда буд, беэътибор дониста шудааст. Ин манбаъ ҳамчунин қайд кардааст, ки муқаррарооти мазкур танҳо ба кишварҳое татбиқ шудааст, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил нестанд.

ххх

Раёсати тафтишоти КДАМ қазияи боздошт ва ҳабси Александр Содиқовро шарҳ дод. Бино ба иттилои расмӣ нисбати Содиқов Александр Иброҳимович парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 19 июни соли ҷорӣ дар асоси қарори суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст. Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд Александр Содиқов аз лаҳзаи дастгиркунӣ бо ҳимоятгар таъмин карда шуда, хешовандони наздикаш хабардор карда шуданд. Дар айни замон Содиқов А.И. дар боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Турсунзода-140 нигоҳ дошта мешавад ва тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятии номбурда идома дорад.

ххх

Коммунистон мегӯянд дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе муҷассамаи "Ваҳдати миллӣ" поягузорӣ шавад. Дар ин бора Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ҲКТ дар як ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб изҳори назар намуд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ пешниҳод аллакай ба Президент ироа шудааст. Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки дар рӯзҳои муҳими кишвар ва ҳангоми сафари меҳмонони бонуфузи хориҷӣ назди он гулгузорӣ карда шавад.  

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi