06:21:39 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷавоби "муҷоҳидини тоҷик дар Сурия" ба Ҳоҷӣ Мирзо

Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик, ки зоҳиран дар Сурия ҳастанд, тариқи як навори видеоӣ дар шабакаи «Однокласники», ба сӯҳбати Ҳоҷӣ Мирзо бо «Озодӣ» посух додаанд.

syria-voyna-454545

Нафаре аз ин ҷавонон, ки зоҳиран раҳбари гурӯҳ аст, бо лаҳни тунд Ҳоҷӣ Мирзоро интиқод кардааст, ки гуфтааст, дар Сурия ҷиҳод нест: «Гуфтаст, ки дар ин ҷо ҷиҳод нест, хондем суханҳояшро. То ҳамон вақте, ки mp3-ашро наоварданд, ман бовар намекардам. Э бародар Ҳоҷӣ Мирзо! Садои маро бишнавӣ ман фақат дар ҳамин ҷо баҳс мекардам, ки Ҳоҷӣ Мирзо ин хел гап намезана, ҷиҳода қабул мекунад. Вале ин суханҳои маро худат мешунавӣ иншоолоҳ, маро мебинӣ, Аллоҳ моро дида истодааст. Дигар офтобро бо он ҷелакат маҳкам карда наметавонӣ

Дар идома ин ҷавон мегӯяд, то замони фитна хондани ҷиҳод аз ҷониби Ҳоҷӣ Мирзо, онҳо ӯро устоди худ медонитанд: «Агар фарз кардем дар Душанбеву дигар ҷо надонанд, лекин мо шогирди шумо будем. Имрӯз шумо мегӯед, ки муллои ҳукуматӣ. Кадом ҳукумат? Ҳамон ҳукумате, ки бар зидди қонунҳои Аллоҳ аст, ҳамон ҳукумат. Субҳоналлоҳ, мардум бфаҳма, ки шумо ниқобу маскаи исломӣ доред. Чӣ хел ҷиҳод нест, ин ҷо? Сухани худатай, ки чор то кӯдака манаҳша бастану бровардан дар он ҷою мардума таблиғ мекунанд. Чор то кӯдака ҳами хел гуфтесай, ки дар дилут ягон чиз нест."

Ӯ бо хитоб ба Ҳоҷӣ Мирзо ҳақ будани худро собит мекунанд ва мегӯяд: «Аз Аллоҳ бтарсен, дар назди Аллоҳ чӣҷавоб мегӯед. Мо ҳанафием, аммо на ҳанафии шумо. Исломи шуморо мо намешинсоем. Исломи тоза дар ин ҷост, исломи Тоҷикистонро мо намешинсоем».

Ин ҷавон бо хитоб ба дигар рӯҳониён мегӯяд, «ба и Ҳоҷӣ Мирзо ҷавоби дандоншикан диҳед. Мо то имрӯза ӯро устод мегуфтем ва баҳс мекардем, ки ӯ ин хел намегӯяд.»

Дар навори видеои дида мешавад, ки шумораи ин ҷавонон, ки шумораашон ба 22 нафар мерасад, ҳама тоҷик ҳастанд ва бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд.

Нашри навори видиои онҳо дар ҳолест, ки ҳафтаи пеш дар як сӯҳбати ихтисоси бо Радиои «Озодӣ» Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии маъруф ҷанги Сурияро фитна хонда гуфт, ин ҷо бозии абарқудратҳо ҳаст ва нишоне аз ҷиҳод дида намешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi