09:37:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Китобҳое, ки амрикоиҳо бояд нахонанд

Дар ИМА рӯйхати китобҳои баҳсталаб интишор шуд ва чанд китобе шомили он гардид, ки амрикоиҳо бояд нахонанд. Аммо имсол қатори чанд асари дигар китоби барандаи ҷоизаи Нобел низ ба ин рӯйхат дохил карда шудааст.

censored 46556Китобҳое, ки мутолиаи онҳо барои сокинони ИМА манъ шудаанд: силсилаи китобҳои бачагонаи нависанда Дэйва Пилки дар бораи як капитан тарсу, романи нависандаи машҳур, хонум Тони Моррисон "Чашмони кабуд", романи "Дар ҷустуҷӯи Аляска"-и адиби блогнавис Ҷонн Грин, трилогияи шаҳватбарангези адиби инглис хонум Э.Л.Ҷейм, ки дар Амрико онро модари парнография номиданд, китоб дар бораи бокира Анастейш Стил, ки ҳам китобхонаҳо ва ҳам волидон қабул надоштанд, китоби "Бозиҳои гуруснагӣ"-и нависандаи амрикоӣ хонум Сюзен Коллинз, асари "Писарбачаи бад метавонад барои духтарон хуб бошад"-и Тан Ли Стоун, романи тарҷумаиҳолии "Рӯзномаи комилан ростини ҳинду"-и Шерман Алекс ва чанд асари дигар.

Хонум Тони Моррисон, ки як адиби машҳур аст ва барои силсилаи китобҳояш дар бораи ирқпарастӣ ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф шудааст, аз сарнавишти духтари амрикоие ҳикоят мекунад, ки мехоҳад пӯсти зангӣ ва чашмони кабуд дошта бошад. Ин духтар дар хонаи худ аз ҷониби падараш таҷовуз ва ҳомиладор мешавад.

Сабаби манъи мутолиаи асар зиёд будани тасвири амалҳои шаҳвонӣ, истифода калимаву ибораҳои ғайриахлоқӣ ва аз меъёри адаб берун ва мутобиқат надоштани он ба гуруҳи синнусолие мебошад, ки китоб барои онҳо пешбинӣ шудааст. Романи "Дар ҷустуҷӯи Аляска"-и адиби блогнавис Ҷонн Грин аз ин пештар аз ҷониби чандин созмони адабӣ соҳиби ҷоиза шуда буд, вале ҳоло барои саҳнаҳои фаҳшо, таблиғи истеъмоли мухаддирот ва тамоку барои мутолиа хатарнок дониста шудааст.

Чаро маршал Василевский нахост дар филм нақш офарад?

vasilevsky color222Дар остонаи Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм аз силсилаи "Хотироти ҷангӣ" китоби маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Василевский бо номи "Кори тамоми умр" чоп шудааст. Писари маршал Игор Василевский, ки мураттиби китоб аст, чанд нуктаи муҳими онро дар бораи маршалҳо Тухачевский, Жуков ва бахусус Генералиссимус Иосиф Сталин шарҳ додааст. Муҳимтарин нукта ва ба мавзуъи мо муносиби суҳбати Игор Василевский китобдӯстии маршал ва рад кардани нақшофаринӣ дар филми "Мурдаҳо ва зиндаҳо"-и Константин Симонов мебошад.

Писари маршал аз ҷумла меӯяд: "Вай дар бораи филмҳо назари хубе надошт. Аз назари ман хоксорӣ ба вай имкон надод, ки ба пешниҳоди Симонов розӣ шавад. Адиби оламшумул бо падарам иртиботҳои хеле наздикӣ дӯстӣ дошт. Вай аз рӯи романи худ сенарияи филмро ҳам омода кард ва вақте аз падарам хост дар он нақш офарад, вай рад кард. Гумон мекунам кори хуб накард. Дар бораи китобхонаи Василевский сухан ронда, онро пур аз китобҳои русиву олмонӣ гуфтааст. Ва мегӯяд маршал алоқамандии зиёде ба мутолиаи китоб дошт ва соатеро бидуни мутолиа пушти сар намекард.

Даргузашти Фарли Моуэт

mowatfarley3333Дар Канада нависандаи машҳур, биолог ва муҳофизи табиат Фарли Моуэт дар синнӣ 92-солагӣ аз олам даргузашт. Моуэт нависандаи ҷанговар маҳсуб мешуд. Вай дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби амрикоиҳо зидди фашизм ҷангидааст, дар вуруди неруҳои муттаҳидон ба Ситсилия ширкат кардаву соли 1945 бо сарбозони Шӯравӣ дар Элба мулоқот кардааст. Ба фаъолияти адабӣ аз соли 1950 баъди хатми шуъбаи биологияи Донишгоҳи Торонто оғоз кардааст ва тӯли ин муддат зиёда аз 60 асари ӯ рӯи чопро дидааст. 

Пайкараи Лермонтов дар Чин

Дар минтақаи шимолии Чин барои шоири рус  Михаил Лермонтов нимпайкари биринҷӣ гузоштанд. Муаллифи ин пайкара ҳайкалтарош Григорий Пототский буда, гуфтааст, ки мехост Лермонтовро барои хориҷиён муаррифӣ кунад. Аммо вай бар ин назар аст, ки ин гуна асарҳо метавонанд дар рушди иртиботҳои фарҳангиву адабии Чин Ва Русия мусоидат кунанд. Гуфта мешавад, ки имрӯз дар Чин беш аз сад мактаби олӣ таълиму тадриси забони русиро ҳатмӣ кардаанд.  

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi