19:25:53 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иди Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар сар то сари ҷаҳони мутамаддин иди Рӯзи Ғалабаи халқи советӣ бар Германияи гитлериро ҷашн мегиранд. Дар ҳамин рӯз расо шасту нуҳ сол муқаддам Ливои зафар ба лонаи фашистон Рейхстаг афрошта шуд. Ин ғалаба ба осонӣ ба даст наомада буд. Ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар он саҳим буданд.

den-pobediАзҷумла дар ин пирӯзӣ саҳми падару бобоёни мо тоҷикон ва тоҷикистониён кам нест. Садҳо ҳазор нафар тоҷикистониён ҷони худро барои ҳарчи тезтар фаро расидани ин рӯзи муборак қурбон кардаанд. Месазад, ки дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда хотираи неки ҳамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта барои шод кардани арвоҳашон оёте чанде аз Каломуллоҳи шариф қироат намоем ва аз Худованди бузург талаб кунем, ки руҳи онҳоро шоду хонаи охираташонро обод бигардонад.

Худованд ҳамаи он иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки дар қайди ҳаётанд ва тамоми онҳоеро, ки дар он рӯзҳои мудҳиш дар ақибгоҳ барои Ғалаба ҷонбозиҳо карданд ва имрӯз дар паҳлӯи мо давлати пирӣ меронанд, дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад. Парвардигоро, Ватани мо ва мардуми шарифи онро ва умуман тамоми ҷаҳон ва халқи онро аз офатҳои заминиву осмонӣ, аз ҷумла аз ҷангҳои хонумонсӯз, ҳифз намо.

Аҳли эҷоди  сомона ва ҳафтаномаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi