19:12:18 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар Самарқанд аз Фотеҳ Ниёзӣ ёд кардаанд

Дар шаҳри Самарқанд бо ширкати намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири Халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ ва адабиётшиноси маъруф Абдурраҳмон Абдуманнонов ҷашни 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ баргузор шудааст. Дар ин бора блогнависи самарқандӣ Тошпулод Раҳматуллоев хабар додааст.

f.niyozi 5669547878Бино ба гузориши Т.Раҳматуллоев профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода дар бораи ҳаёт ва  фаъолияти эҷодии адиб муфассал маърӯза кардааст. Вай гуфтааст, ки Фотеҳ Ниёзӣ зодаи гузари Суфӣ Розиқи шаҳри бостонии Самарқанд буда, аз ҷумлаи ҷангноманависони замони Шӯравӣ буд. Фотеҳ Ниёзиро адиби ҷанговар меномиданд. Вай охири соли 1941 ба ҷабҳа рафтааст ва ҳам бо силоҳу ҳам бо сухан зидди аду ҷангидааст.

Дар Тоҷикистон ва берун аз он Фотеҳ Ниёзиро бо романҳои ӯ "Вафо", "Ҳар беша гумон мабар, ки холист", драмаи "Купрук", "Қиссаи Димаи диловар" хуб мешиносанд. Ин асарҳо дар замони зиндагии адиб бо чандин забони халқҳои Шӯравӣ тарҷума ва нашр шудаанд.  

Дар нишасти Самарқанд адабиётшинос, мунаққид Абдурраҳмон Абдуманнонов дар бораи инсонияти Фотеҳ Ниёзӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфтааст: "Ман фахр мекунам, ки бо устод дӯстӣ доштам. Чанд борҳо ба Самарқанд ҳамроҳашон омада будам. Ҳеч вақт синну сол ва обрӯ эътибори худро зоҳир намекарданд. Ҳам виқор доштанд ва ҳам хоксор буданд. Барои рушди адабиёти тоҷик саъю кӯшиши худро дареғ намедоштанд. Ҳамчун узви ҳайати таҳририяи нашриёти "Советский писател" дар Маскав барои ба забони русӣ нашр кардани китобҳои нависандагон ва шоирони тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштанд".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi