20:49:44 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Берон Меробов аз олам даргузашт

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари оркестри Театри давлатии академикии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Берон Меробов, субҳи рӯзи ҷумъаи 25 апрел дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.

beromerobov 6545875465Берон Меробов 22 октябри соли 1937 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дида ба олам кушодааст. Вай таҳсилкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар соли 1959 буда, муассисаҳои олии мусиқии Маскав (1964) ва Сан-Питерзбург (1976)-ро дар риштаи мусиқии ҳирфаӣ хатм кардааст.

Фаъолияти ҳунарии ӯ аз соли 1957 дар гурӯҳи тарона ва рақси "Помир" оғоз шудааст ва солҳои 1968 то 1971 дар оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Аз аввали солҳои 1980 то охири солҳои 90 асри гузашта роҳбари дастаи навозандагони Филармонияти давлатии Тоҷикистон буд. Аммо баъд вай ба Театри опера ва балет ба кор омад ва то охирин лаҳазоти умраш роҳбари оркестри симфонии ин театр буд. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi