14:31:46 01-уми Июли 2025 сол

Барои имом-хатибон китоб нашр карданд

Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Тоҷикистон китоберо бо номи "Мавъизаҳо" ба теъдоди 500 нусха аз чоп бароварданд, ки барои имом-хатибони масоҷиди кишвар барои амри маъруф дар рӯзҳои ҷумъа тавсия мешавад.

imomi-masjid-455854554Бино ба хабари Кумитаи дин дар китоб 50 мавзуъ пешниҳод мешавад, ки қаблан дар шӯроҳои муштараки табъу нашр тасдиқ шудаанд. Китоб ба фурӯш бароварда намешавад, балки онро ройгон ба масоҷиди кишвар тақсим мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки муддати ду соли охир Кумитаи дин бо ҷалби уламои Маркази исломӣ даст ба таҳияи мавъизаҳо зада буд, ки пеш собиқа надошт. Имом-хатибон муваззафанд танҳо дар доираи ҳамин мавзуъҳо амри маъруф кунанд. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ