07:13:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30        

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Романи навпайдои Габриэл Гарсиа

Рӯзномаи испании "La Vanguardia" порае аз романи навпайдои Габриэл Гарсиа Маркесро, ки баъди як ҳафтаи даргузашти адиби маъруф аз миёни дастхатҳояш пайдо шуда буд, чоп кард.

gabriel 54645665456Роман "Моҳи август хоҳем дид" ном дорад ва дар он аз сарнавишти зани 50-солаи ҳикоят мешавад, ки ҳар сол ба ҷазираи тропикӣ ба зиёрати қабри модараш меравад ва дар яке аз ин боздидҳо ба моҷарои шаҳвонӣ мепечад. Тибқи иттилои Penguin Random House ин асар соли 2004, замоне, ки романи Маркес "Хотироти фоҳишаҳои маҳзуни ман" чоп шуда буд, навишта шудааст. Оё ин асари навпайдо аз бойгонии адиб пурра чоп мешавад ё на, ҳоло маълум нест. Дар ин бора бояд бозмондагони Маркес-ҳамсар ва фарзандонаш тасмим бигиранд. Нависандаи машҳури Колумбия, барандаи ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес 17-уми апрели соли равон бар асари беморӣ дар Мексика чашм аз олам пӯшид.

ҚИММАТИ СОЯДАСТ 230 - ҲАЗОР ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ

marina 5566565656Соядасти шоираи машҳур Марина Светаева ба сарвари Ҳукумати муваққатии Русия Александр Керенский дар "Хонаи китобҳои атиқа"-и Маскав 8,25 миллион рубл (230 ҳазор доллар) савдо шудааст. РИА Новости бо интишори ин хабар гуфт, ки дар фурӯши соядасти бузургон ин рекорди ҷаҳонӣ аст. Марина Светаева аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои адабии Русия дар поёни қарни 19 ва аввали асри 20 буд, ки аз синни шашсолагӣ бо забонҳои русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ менавиштааст. Соли 1922 аз Русия ба Олмон ва аз он ҷо ба Чехословакия муҳоҷират кардааст.

Дар тӯли умраш 15 китоби ашъораш чоп шудааст. Соядасти савдошударо шоира моҳи феврали соли 1924 ба Керенский дар ҷилди китобе навиштааст, ки дар он достони хеле машҳураш бо номи "Шоҳдухтар" интишор ёфтааст. Шоира менависад: "Ба Александр Фёдрович Керенскии муҳтарам-афсонаи русие, ки дигар касе онро дуруст намедонад. Марина Светаева, Прага, моҳи феврали соли 1924". 

ПАЙКАРАИ ЛЕРМОНТОВРО ДАР ШОТЛАНДИЯ МЕГУЗОРАНД

Дар Шотландия, ватани пешгузаштагони шоири машҳури рус Лермонтов қарор аст пайкараи ӯро гузоранд. Вале бунёдгаронаш мегӯянд то ҳол фармоишгари мушаххас вуҷуд надорад ва лоиҳаро кассе маблағгузорӣ ҳам накардааст. Бино ба гуфтаи Виктор Сиротин, ки муаллифи лоиҳа мебошад, ғояи сохтани ёдгории Лермонтов дар ватани аҷдодонаш мутааллиқ ба афродест, ки худро аз ҷумлаи пайвандони адиби оламшумул медонанд. 

ДАРГУЗАШТИ ОҲАНГСОЗИ МАШҲУР

konstantin 6545458787Дар Амрико бастакори машҳури эстрадии замони Шӯравӣ Константин Орбелян бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора вазири фарҳанги Арманистон Асмик Погосян дар суҳбат бо ИТАР-ТАСС иброз доштааст. Константин Орбелян  29 июли соли 1928 дар шаҳри Армавир ба дунё омадааст. Солҳои таъқиби сталинӣ волидонашро бадарға кардаанд ва ӯ бесарпараст мондааст. Бо азобу машаққат ҳам кор мекардааст ва ҳам таҳсил. Вай хатмкардаи консерваторияи Ереван буда, тадриҷан ба як бастакори моҳири соҳибшуҳрат сабзида расид.

Соли 1963 аввалин ҷоизаи мусиқии  худро дар озмуни байналмилалии Маскав соҳиб шуд, ки дар он Дмитрий Шостакович раисӣ мекард. Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ вай ба ИМА муҳоҷират кард ва ба фаъолияти эҷодӣ пардохт. Аммо иртиботаш бо Ереван қатъ намешуд ва аз соли 2008 шаҳрванди ифтихории он маҳсуб меёфт. Соли гузашта ба ифтихори 85-солагии ӯ дар пойтахти Арманистон шаби эҷодии ӯро доир карданд. Вай соли 1976 унвони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуда буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi