Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Ҷамъомади васеи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи 23 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, масъалаҳои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони ояндаро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба кортошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад. Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
ххх
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо иддае аз хабарнигорони расонаҳои хабарии хориҷии муқими Душанбе мулоқот кардааст ва вазъи вобаста ба маводи мухаддирро шарҳ додааст. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ниҳод дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Васоити ахбори омма ва Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи солими ҳаёт, инчунин масъалаҳои омода намудани рӯзномнигорон, ки масъалаҳои назорати муомилоти маводи наъаоварро инъикос менамоянд, баррасӣ гардиданд.
Рустам Назаров аз ҷумла гуфтааст: "Мақсади вохӯрии мо аз он иборат аст, ки мо тавонем тавассути Васоити ахбори омма ба ҷамъият иттилооти боэтимодро дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаоварро пешниҳод намоем" - қайд намуд роҳбари Агентӣ. Манбаъ мегӯяд, инчунин ба рӯзноманигорон итттилоот дар бораи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 пешкаш гардид.
ххх
Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълон кард. Гуфта мешавад, ки тибқи шумориши овозҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо тақрибан 44,9 дарсад дар зинаи аввал, Аҳмад Ғанӣ Ашрафзай бо 31,5 дарсад дар зинаи дуввум қарор доранд. Қарор аст то 15 рӯзи оянда натиҷаи ниҳоӣ расонаӣ шавад, вале ин комиссиюн эълон кард, ки интихобот ба даври дуюм меравад ва акнун ду номзад-Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Аҳмад Ғанӣ Ашрафзай бо ҳам сабқат хоҳанд кард.
Бино ба маълумоте, ки ахиран Комиссиюни интихоботӣ интишор дод, Залмай Расул-вазири пешини корҳои хориҷа бо 11,5 дарсад дар мақоми севвум қарор гирифтааст. Панҷ номзади дигар бо фосилаи зиёд дар радифҳои баъдӣҷой гирифтаанд: Абдурраб Расули Сайёф 7,1 дарсад, Қутбиддини Ҳилол 2,8 дарсад, Муҳаммадшафиқи Гулоқо Шерзай 1,6 дарсад, Довуди Султонзӯй 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало 0,2 дарсад.
ххх
Бар асари обхезӣ дар шимоли Афғонистон ҳаддиақал 107 нафар ба ҳалокат расиданд, ҳазорҳо тани дигар бехонаву ҷой монданд. Reuters иттилоъ додааст, ки обхезӣ бар асари боришоти зиёд, ки муддати бештар аз 3 рӯз идома доштааст, рух додааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки рустоҳои зиёде дар вилоятҳои Ҷузҷон, Сари Пул, Бодғис ва Форёб ба харобӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ, сарвари пулиси вилояти Ҷузҷон гуфтааст, ки дар айни замон имкони он вуҷуд надорад, ки ба зарардидагон аз роҳи заминӣ кӯмак расонда шавад, чун роҳҳо ҳама валангор шудаанд.
"То ин замон наздик ба 1500 нафар бо истифода аз чархболҳо ба минтақаҳои амн интиқол ёфтаанд. Вале мо ҳоло мунтазири кӯмаки ҳукумати марказӣ ҳастем, бояд хадамоти наҷот ба ин минтақа эъзом шаванд",-иброз доштааст ӯ. Волии вилояти Форёб Муҳаммадулло Ботуҷон бошад, аз ҳалокати 33 нафар ва бедарак ғайб задани бештар аз 80 тан хабар дод. Бино ба маълумоти ӯ дар ин минтақа ҳудудан 2 ҳазор хонаву ҳавлии мардум хароб шуда, бештар аз даҳ ҳазор нафар беҷою макон мондаанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014