Устод Айниро дар Теҳрон ёд карданд
Бино ба хабари Шоҳмансури Шоҳмирзо, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷики муқими Эрон 19-уми апрел бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) маҳфили ёдбуд ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик баргузор гардид. Дар ин маҳфил шахсиятҳо ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар ибтидо Нарзихон Зоиров - Мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон барои ҳозирон аз хадамоти арзандаи Алломаи Машриқзамин - Устод Айнӣ сӯҳбат кардааст ва ёдовар шудааст, ки Айнӣ ҳамзамон бо Нимо Юшич - падари шеъри форсии Эрон аввалин бор шеъри сафед сурудааст ва чанд байт аз шеъри "Марши ҳуррият"-и Устодро қироат намуд.
Нарзихон Зоиров дар поёни суханрониаш пешниҳод намуд, ки яке аз кӯчаю хиёбонҳои Эрон ба номи ин қаламкаши номвар гузошта шаванд, ки ин амр дар таҳкими дӯстии ду миллати бародари тоҷику эронӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, чун дар Тоҷикистон чандин шаҳру ноҳия ва муассисаҳои пажуҳишию хиёбонҳо ба номи адибони эронӣ номгузорӣ шудаанд.
Доктор Насир Аҳмади Нур - Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Теҳрон дар бораи ҷойгоҳи мумтози забони форсӣ - тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон суханронӣ намуда, нақши ин забонро дар пайванди миллатҳо муҳим донист ва афзуд истеъмори ҷаҳонӣ забони худро бо зӯру фишор бар миллатҳо таҳмил менамуд, аммо форсӣ бо равиши табиию ҷаззоби хеш ҳар ҷо мерафт ақвому милалро ба сӯи худ мекашид ва ҳар ғайрифорсизабон орзу мекард "Бӯстон" - у "Гулистон" - у "Шоҳнома" - ю "Маснавӣ" - ро бо забони аслии онҳо мутолиа кунад. Номбурда Устод Айниро яке аз чеҳраҳои дурахшон барои гиромидошти забони тоҷикӣ - форсӣ дар Осиёи Миёна унвон кард.
Профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба таъсири забонҳои бегона дар миёни мардуми минтақа ишора карда, нақши фаъолонаи Устод Айниро дар ҳифзу бақо ва пойдории он бо далелҳо собит намуд.
Шоҳмансури Шоҳмирзо мегӯяд, Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё 10 сол пеш бо ташаббуси доктор Маҳдии Саноӣ, ки дар ҳоли ҳозир Сафири ҶИЭ дар Русия мебошад, ташкил шуда, бо забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ бо ин нишонӣ - www.iras.ir/ мақола ва таҳлилҳоро чоп мекунад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014