17:07:41 12-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сиддиқи Шабоб мегӯяд сурудаш таронаи Наврӯзи байналмилалӣ шавад

Аз вижагиҳои озмуни байналмилалии "Ҷило-2014" ширкати ҳунармандоне буд, ки бо пешниҳодоти ҷолиб вориди саҳна шуданд. Аз ҷумла Сиддиқ Шабоб, ҳунарманди афғони муқими Олмон аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хост, то суради "Порсӣ"-и ӯро  чун гимни Наврӯзи байналмилалӣ эътироф кунад.

sediq-shubab 656574515Сиддиқи Шабоб бар ин назар аст, ки суруди "Порсӣ" дар Наврӯзи байналмилалӣ суруда шавад, зеро мухотаби ӯ беш аз 300 миллион форсизабонони олам аст. Матни суруд аз Қаҳҳори Осӣ буда, оҳангашро худи Сиддиқи Шабоб навиштааст. Сиддиқи Шаббоб як сарояндаи хеле навсарои афғонист, ки ҳамакнун дар Олмон ба сар мебарад. Вай мегӯяд муаллифони шеъру тарона ва сарояндагони он Ориф Кайҳон, Тоҳир Шабоб, Холиди Кайҳон тоҷикони зодаи Панҷшеранд. Ҳоло онҳо мехоҳанд клипи таронаро низ бисозанд ва он аз тандиси устод Рӯдакӣ оғоз шавад. 

Маврид ба ёдоварист, ки озмуни "Ҷило-2014" аввалин маротиба аз замони таъсисаш дар сатҳи байналмилалӣ рӯзи 12-уми апрел аз рӯи 12 номинатсия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бахши "ТВ ва радио" ҷоизаҳои "Барномаи беҳтарини радиоӣ", барномаи субҳгоҳии "Саламалейкум Диёрам"-и радиои "Азия плюс", беҳтарин радиожурналист хабарнигори радиои "Садои Душанбе"  Шарифи Мисайзод,  "Беҳтарин баромаи телевизионӣ" барномаи "Сиришти сафина"-и шабакаи "Сафина" ва беҳтарин тележурналистро Зафар Саидов ва Аҳлиддини Тоҳир -- хабарнигорони телевизиони "Ҷаҳоннамо" соҳиб  шуданд.

Дар бахши театр намоишномаи "Шабе дур аз ватан" аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, беҳтарин ҳунарманди мард Шӯҳрат Раҳматуллоев ва ҳунарпешаи зан Моҳпайкар Ёрова эътироф шуданд.

Дар озмун дар номинатсияи "Мусиқии замонавӣ ва машҳур" беҳтарин овозхони мард Нобовар Чиноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд. Ҷоизаи клипи беҳтарин ба Садриддини Наҷмиддаи ("Гулнор") ва Нигина Амонқулова ("Муҳаббати ту") тааллуқ гирифт. Ҷоизаи вижаи озмуни "Ҷило" "Ҷоизаи оҳанги шарқ" буд, ки насиби Сиддиқ Шабоб, сарояндаи афғон ва Нигора Холова бо оҳанги "Чашми сиёҳ" шуд. Ҷоизаи "Шахсияти маъруфи сол" ба Давлатманд Хол дода шуд.

Фарҳоди Дарё ва Ясмина Алидодова ҷоизаи "Ситори бузурги мусиқии форсӣ"-ро соҳиб шуданд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi