03:40:50 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

Габриэл Гарсиа Маркес, яке аз шинохтатарин адибони охири қарни ХХ ва аввали асри ХХI  баъди бемории дурудароз аз олам даргузашт. Ҳанӯз соли 1999 табибон эълон карда буданд, ки рӯзҳои ҳаёти Маркес хеле кам мондаанд, чун адиби оламшумул гирифтори бемории саратон буд.

markes 5544555Ва худи ӯ низ тахминан дар ҳамин андеша буд. Дар як муддати кӯтоҳ вай ҳама иртиботаш бо олами беруна ва ҳатто наздиконашро қатъ кард, то охирин асари васиятии худро бинвисад. Вале гӯё марг ҳам таъхир кард ва ӯ тавонист соли 2002 асари сеҷилдаи хотиротии худро бо номи "Бояд зист, то ин ки дар бораи зиндагонӣ қисса кунӣ" ва соли 2004 повести охирини худро бо номи хеле ҷолиби "Хотираҳои фоҳишаҳои маҳзуни ман" аз чоп баровард. Ва баъди он боз шаш соли дигар зиндагонии дур аз дарду ранҷ дошт.

Аммо баъд ранҷи қадимӣ аз сари нав хуруҷ кард ва тадриҷан нависандаи маъруфро ба бистар кашид, ки ба назар мерасад аз он дигар барнахост. 

Маркес аввали солҳои 60-и асри гузашта зери таъсири Эрнст Хеменгеэй ба арсаи адабиёт омад, вале аз аввалин асараш вай услуби хоси худро дар ин ришта пайдо кард. Соли 1961 повести ӯ "Ба сарҳанг касе наменависад" рӯи чоп омад, ки ғулғулае дар олами адаб афканд. Панҷ сол баъд романи ӯ бо номи "Сад соли танҳоӣ" интишор ёфт, ки ба нависанда шуҳрати беандоза овард. 

Мунаққидони осораш мегӯянд танҳо ҳамин ду шоҳасар кифоя буд, ки Маркес дигар чизе нанвисад, вале вай яке паси дигар китобҳои худро интишор медод, повесту романҳояш чоп мешуданд. Аммо баъди ин ду достони бузург ягон асари Маркес дар ин пояи шуҳрат нарасид. Соли 1982 сазовори ҷоизаи Нобел шуд.  

ххх

farishta-5454654554Ҳукуматдорони Миср ва иддае аз кишварҳои дигари арабӣ намоиши филми "Зебоии руҳ" ("Красота духа") -ро, ки бо ширкати сароянда ва ҳунарманди машҳури лубнонӣ Ҳайфа Ваҳбӣ ба навор гирифта шуда буд, манъ карданд. Дар ин бора хабаргузори исроилии  NEWSru Israel истинодан ба рӯзномаи "Aш-Шарк аль-Аусат" хабар дод. Сабаби ин аз ҳад зиёд шаҳвонӣ будани филм аст, ки мувофиқ ба меъёрҳои исломӣ нест. Филмро синамогарони Миср ба навор гирифтаанд ва дар бораи сарояндаи клуби шабонае қисса мекунад, ки баъди нопадид шудани шавҳараш ба объекти ҳирсу шаҳвати мардон табдил шудааст.

Иддае аз таҳлилгарон дар бораи шабоҳати "Зебогии руҳ" ба филми итолиявии "Малена", ки дар он Моника Белуччӣ нақш офаридааст, изҳори назар кардаанд. Намоиши филми "Зебогии руҳ " аз 3 апрел шуруъ гардид ва дар як муддати кутоҳ мавриди интиқоди шадиди матбуот қарор гирифт. ВАО бештар дар он бора навиштанд, ки таҳиягаронаш бештар ба "парнография" дода шудаанд ва бадани урёни Ҳайфаро беш аз ҳар чизи дигар намоиш додаанд. Сарвазири Миср дар қарори манъи намоиши филм бештар ба ду лаҳза такя кардааст: саҳнаи таҷовуз ба номуси қаҳрамон ва саҳнаҳои шаҳватронии вай бо мардон. Бино ба иттилои Khaleej Times, намоиши филм ҳамчунин дар Қатар ва Баҳрайн мамнуъ шудааст.

ххх

kevin-sharp-45445Сарояндаи машҳури таронаҳои амрикоии кантри Кевин Шарп, ки дар гузашта дар мубориза бо саратон пирӯз шуда буд, баъди мушкилтарин амали ҷарроҳӣ аз бемории меъда оламро тарк кард. Кевин ин замон 43-сола буд ва ҳанӯз аз овони бачагӣ дар ташхисҳо ӯро мубтало ба саратони устухон эълон карда буданд. Вай тӯли солҳои дурудароз мубориза бурд ва худро аз марги эҳтимолӣ бар асари саратон наҷот дод. Вале истеъмоли доруҳои зиёд шояд ба меъдааш асароти бад гузошт ва вақтҳои охир вай ба мушкили меъда гирифтор буд.

Баъди як амали пурзаҳмати ҷарроҳӣ ҳунарманд дигар ба худ наёмад ва оламро тарк кард. Соли 2004 вай китоберо бо номи "Фоҷиаи ҳадя" ("Tragedy Gift") интишор дод ва дар он навишт, ки бо кадом роҳ худро аз саратон наҷот дод. "Орзуи вай амалӣ шуд, бо таронаҳояш ба мардум кӯмак кард ва нишон дод, ки чӣ гуна метавон аз ин беморӣ раҳо шуд",- гуфтааст хоҳараш Мэри Хюстон.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi