20:17:24 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои колумбиягии худ Хуан Мануэл Сантос дар робита ба даргузашти нависандаи маъруф, дорандаи ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар таъзияномаи худ Сарвари давлат қайд кардааст, ки "моҳияти фалсафаи умумибашарӣ ва умумипланетарии Маркес аз он иборат аст, ки инсонро доимо бобати тақдири ӯ дар Замин, дар бораи инсондӯстӣ ва ҷавонмардӣ, ахлоқи покиза, оид ба зарурати зистан дар сулҳу тифоқӣ хотиррасон мекунад.      

ххх

khabarho-2014-201500102Президенти Амрико Барак Обама қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба дипломати эронӣ Ҳамид Абутолибӣ раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳида дода намешавад. Ахиран Эрон Ҳамид Абутолибиро намояндаи ин кишвар таъин кард ва Амрико ӯро ба даст доштан дар гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон баъди инқилоби исломии соли 1979 муттаҳам мекунанд.

Дипломати эронӣ мегӯяд, ки дар оғози ин бӯҳрон дар Теҳрон набуд, вале баъдан ба ҳайси тарҷумон барои гаравгонгирон хидмат кардааст. Бар асоси қонуне, ки Конгресси Амрико тавсиб кард, ҳар фарде, ки дар ҷосусӣ ва ё фаъолиятҳои террористӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш даст дорад ва барои амнияти миллии он хатар эҷод мекунад, ҳаққи вуруд ба Амрико надорад.

ххх

Се узви гуруҳи Толибон бо истифода аз таппонча ва бомби дастӣ аз зиндон фирор кардаанд. Дар ин бора сухангӯи воли вилояти Форёб ба хабаргузориҳо иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай ин се нафар шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар шаҳри Маймана-маркази вилоят зиндонро рахна ва аз он ҷо фирор кардаанд. Бар асари тирандозӣ, ки дар ҷараёни фирор сурат гирифтааст, ду зиндонбон ва як фирории дигар кушта шудаанд.

ххх

Панҷумин ҷаласаи муштараки байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд. Ҳайатҳо масъалаҳои зиёди иртиботдошта ба ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Иқдомоти мушаххаси иртиботҳои иқтисодӣ, афзудан ба амалиётҳои содиротию воридотӣ, густариш додани номгӯи молҳо ва хизматрасониҳо муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо хостори тақвияти ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, варзиш ва сайёҳӣ шуданд. Таваҷҷуҳи бештар ба рушди ҳамкориҳо дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла татбиқи амалии лоиҳаи ҳаётан муҳими бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, ки як гузаргоҳи нави нақлиётӣ маҳсуб мешавад, сурат гирифт. Ҷаласаи навбатӣ ва шашуми комиссияи муштарак нимаи аввали соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

ххх

Лаҳистон ба ИМА ва НАТО пешниҳод кард, ки неруҳояшонро дар ин сарзамин мустақар кунанд. Бино ба гузориши Washington Post ин масъала дар ҷараёни дидори вазири умури хориҷии Лаҳистон бо ҳамтои амрикоии ӯҶон Каррӣ ва сарфармондеҳи неруҳои муттаҳидаи НАТО дар Аврупо генерал Филипп Бридлав мавриди суҳбат қарор гирифтааст.

Аз ин пештар Сикорский пешниҳод карда буд, ки ду бригадаи тирандози неруҳои НАТО дар Лаҳистон мустақар шаванд. Бо ин даъват сарвазири ин кишвар Доналд Туск низ муроҷиат карда буд. Моҳи марти соли равон, баъди бурузи нооромиҳо дар Украина, Амрико тасмим гирифта буд ҳамкориҳои ҳарбияш бо кишварҳои Авроупои Шарқӣ, аз ҷумла Лаҳистонро тақвият бахшад. Ба ин кишвар 12 ҷангандаи F-16 ва 200 хизматчии ҳарбӣ эъзом намуд. Пентагон ғайр аз ин барои нигоҳубини фазои кишварҳои назди Балтик 7 ҳавопаймои иловагӣ фиристод.

ххх

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари роҳандозии 3 амалиёти фаврӣ зиёда аз 102 кило маводи мухаддир мусодира намуданд. Бино ба иттилои Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ниҳод барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур чор нафар шаҳрвандони кишвар: се нафар сокинони шаҳри Душанбе ва як нафар сокини вилояти Суғд дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба ҷалб намудани шахсони дастдошта ба ҷиноятҳои мазкур давом доранд.

ххх

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки якдафъаина ҷудо мекунад. Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Шавкат Саидов аз ҷумла гуфт: "Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба андозаи 900 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650 сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида мешавад".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi