17:39:59 01-уми Июли 2025 сол

Таъиноти нави кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон баъди зуҳри рӯзи 10-уми апрели соли равон Сардори давлат як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Вазорати тандурустӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Академияи илмҳо ва дигар идораю муассисаҳо ворид карда шуд. 

tainoti-kadri-554811122Насим Олимов Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Тоҳир Нуров Муовини сардори Хадамоти гумрук, Ҳалим Маҳмудов Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва Назокат Одинаева Муовини якуми директори агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҳомидов Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева таъин гардиданд.

Ҳамчунин Сайдаброр Зуҳуров, Неъматҷон Рабиев, Мавҷуда Келдиёрова, Баҳодур Исупов, Анвари Вайсидин, Абдусаттор Саидов, Гулчеҳра Қоҳирова, Зайниддин Муҳиддинов, Довудшо Наврузшоев, Зайнулобидин Кобулиев, Наргис Гадоалиева Аҳмад Идиев ба вазифаҳои гуногун таъин гардиданд. Манбаъ гуфтааст, ки аз 17 нафари ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардида 4 нафар занон ва 4 тани дигар кадрҳои ҷавон мебошанд. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ