10:53:18 21-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли равон 2,4 фоизро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ зиёд аст. Таҳлили тағйирёбии ин нишондиҳанда баёнгари он нукта аст, ки дар 12 моҳи охир сатҳи таваррум 4,8 фоизро ташкил карда, дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта 1,7 фоиз кам мебошад.

khabarho-333332014-2015Меъёри бозтамвил аз 10-уми январи соли равон баъди бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст шуданаш, 4,8 фоизи солонаро ташкил додааст. Соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон болоравии нархи орд ва гандумро дар бозори ҷаҳонӣ сабаби аслии суръати таваррум дар кишвар арзёбӣ карда буд.

xxx

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии Ҳалим Маҳмудов ба вазифаи Муовини Директори ниҳод баргузор шуд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ин ниҳод ба "Рӯзгор" гуфт, ки Ҳалим Маҳмудов барои кормандони Агентӣ чеҳраи ошност, вай аз 30 марти соли 2000-ум дар ин ниҳод кор мекунад ва фаъолияти меҳнатиашро ҳам аз нозири оперативӣ оғоз кардаву баъдан муовини сардори шуъба, сардор, муовини сардори Раёсати фаврӣ, сардори Раёсат будааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ аз 11 ноябри соли 2010 ба ҷойи генерал Файзулло Абдуллоев, ки ба нафақа баромада буд, Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин гардид. Аз ҷумлаи кормандони кордидаву ботаҷриба аст. Таҳсилкардаи мактаби миёнаи милитсия буда, Академияи корҳои дохилиро низ хатм кардааст. Ва умуман аз соли 1987 то ба имрӯз дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ифои вазифа мекунад. Дар вазифаи нав Ҳалим Маҳмудов Бунафша Одинаеваро, ки ду ҳафта пештар муовини вазири фарҳанг таъин шуда буд, иваз кард.  

xxx

Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик дар шарҳи таъин шудани Ҳамид Абу Толибӣ ба ҳайси намояндаи вижаи Эрон дар СММ эълон кард Теҳрон ҳақ дорад ҳар касеро хоҳад намояндаи худ дар ин ниҳоди байналмиллалӣ таъин намояд. "Мо шахсеро, ки Эрон намоянда таъин кардааст, ҳақи маҳкум кардан надорем.

Ҳар кишвар ҳақ дорад ҳар касеро салоҳ медонад, намояндаи худ таъин кунад",-гуфт ӯ. Ба саволи вокуниши СММ ба кӯшиши ҳукуматдорони Амрико дар мавриди эҷоди монеъа ба вуруди Абу Толибӣ Дюжаррик посух дод, ки ин гуфтушунид миёни Вашингтон ва Теҳрон дар ҷараён аст ва СММ дахле ба он надорад.

Гуфтанист, ахиран сенаторҳои амрикоӣ ба лоиҳаи қонуне имзо гузоштанд, ки ба вуруди ҳар намояндаи кишварҳо дар СММ, ки ба амалҳои террористӣ, ҷосусӣ ва дигар фаъолиятҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии ин кишвар муттаҳам мешаванд, монеъа эҷод мекунад.

Ин қонун, ки таҳти шумораи 2195 ба тасвиб расидааст, метавонад дар қадами аввал ба вуруди намояндаи нави Эрон дар СММ Ҳамид Абу Толибиро мушкил кунад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд Абу Толибӣ дар гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар соли 1979 шахсан ширкат дошт. Гуфта мешавад, ки Абу Толибӣ аз ҷумлаи дипломатҳои соҳибтаҷрибаест, ки аз ин пештар дар Италия, Белгия ва Австралия сафир будааст.   

xxx

10-уми апрели соли равон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Ҷоомарт Оторбоев Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин сӯҳбати телефонӣ, ки бо ибтикори ҷониби Қирғизистон сурат гирифт, масоили муҳим ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумиҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энегетика ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, масоили марбут ба ҳамкории ҷонибҳо дар умури сарҳадотро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷоомарт Оторбоев сарвизири Қирғизистон пешниҳод намуд, ки дар фурсати барои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб мулоқоти дуҷониба доир карда шавад. Замону макони ин мулоқот бо роҳи дипломатӣ муайян карда мешавад.  

xxx

Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) хостори таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ алайҳи журналисти "Азия-плюс" Олга Тутубалина шуд. Вай аз мақомоти додгоҳӣ талаб кард, ки ҳукми худро бекор эълон намояд. RWB қарори додгоҳ оид ба пардохтани 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи даъвогарон - аҳли зиёро беасосу ғайримантиқӣ хондааст. Ин созмони обрӯманди байналмиллалӣ мегӯяд қарор латмае ба мустақилияти рӯзноманигорони тоҷик мезанад.

Маврид ба ёдоварист, ки тобистони соли гузашта як гуруҳ зиёиёни кишвар нисбат ба ҳафтаномаи "Asia-Plus" ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ шикоят бурда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки барои расонидани зарари маънавӣ аз ҷавобгар 200 ҳазор сомонӣҷубронпулӣ руёнида шуда, тамоми амволи манқул ва ғайриманқули ӯ ба ҳабс гирифта шавад.

Дертар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қарор омад, ки ҳафтанома ва Олга Тутубалина барои расонидани ҷуброни маънавӣ ба даъвогарон 30 ҳазор сомонӣ пардозанд. Олга Тутубалина дар мақолаи худ бо унвони "Нозиёиёна дар бораи зиёиён" бо истифода аз суханони Ленин гуфта буд, ки "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд".

xxx

Бар асари резиши борон ва омадани сел шаби 12 ба 13 апрели соли равон теппае дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод лағжидаву хонаҳои мардумро пахш кардааст. Тибқи маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилӣ  қисме аз хонаҳо зери лой мондаанд ва чандин нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо соате, ки ин хабар омода мешуд, шумораи дақиқи зарардидагону ҳалокшудагон эълон нашуда буд. Гуфта мешавад, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб низ аз боришоти сел зарар дидаанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi