14:46:27 01-уми Июли 2025 сол

Сирки Лаҳистон дар Душанбе

Рӯзи шанбеи гузашта сафари ҳунарии сирки Варшав ба Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз Сирки далатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

varshavsky-sirk-544545Манбаъ гуфт, ки ҳунармандони лаҳистонӣ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт бо шикати акробатҳо, ромкунандагони ҳайвоноти гуногун ва масхарабозони шинохта як барномаи дидании сиркиро пешкаш мекунанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин аввалин сафари ҳунарии сирки Лаҳистон ба Душанбе баъди истиқлолияти кишвар аст.

Ҳунармандон бо худ филҳои ромкарда ва бозингари ҳинду, аспҳо, уштурон, хирсҳо ва дигар намуди ҳайвонот меоранд ва ин сафари ҳунарӣ то 18-уми апрел идома мекунад. Нархи билети вурудӣ ҳам мушаххас шуд: аз 20 сомонӣ то 80 сомонӣ, вобаста ба қатор ва бахш аст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ