21:10:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Охирин навидҳо аз Агентӣ

Қарор аст Тоҷикистон 17 марти соли равон дар дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Женева шарҳи вазъи мухаддиротӣ дар кишварро муаррифӣ кунад. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти Директори Агентӣ Рустам Назаров бо Намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичев суҳбат шуд. Директори Агентӣ ба намояндаи СММ дар бораи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа маълумот дод ва ӯро дар ҷараёни иқдомоти ахири Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар гузошт. 

agenty-narkotik-4589647Дар мулоқоти соҳибмақоми Агентӣ бо Сичев ҳамкориҳои дуҷониба бо вазоратҳои умумри дохила ва дар мубориза бо мухаддироти Афғонистон дар доираи барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд. Тарафҳо инчунин масъалаҳои фаъолияти Маркази минтақавии иттилотии Осиёи Миёна оид оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (ММИҲОМ) ва ҳамкории Марказро бо Агентии назорати маводи нашъаовар муҳокима намуданд.

ххх

Курси омӯзишии чилрӯза, ки аввали соли ҷорӣ дар Маркази Байниидоравии Кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенӣти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони кинологи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ оиди кор бо сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯӣ дар кашфи маводи нашъаовар оғоз гардида буд, 14-уми феврал ҷамъбаст ва ширкаткунандагонаш баъди супурдани имтиҳон соҳиби сертификат шуданд. 

ххх

 Бо мақсади татбиқи Барнома оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва ташкилӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовар гурӯҳи ташхисии Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2014 ба раёсатҳои минтақавии Агентӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафар намуданд, ки дар рафти он бо роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсатҳо ҷаласаҳои корӣ гузарониданд. 

ххх

Роҳандози як амалиёти вижа дар қаламрави вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе муҷиби кашф ва мусодираи ҳаббҳои синтетикии "экстазӣ" ва қатъи фаъолияти як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ шуд. Пайгирии фаъолияти ин гуруҳ баъди дарёфти маълумоти пешакӣ охири соли гузашта оғоз гардид ва билохира аввали даҳаи дуюми моҳи феврал бар асари баргузории амалиёти фаврӣ 4 тан аз шаҳрвандони кишвар бо 1 106 дона ҳабби "экстазӣ" бо вазни умумии 260 грамм боздошт шуданд. Тибқи нишондоди боздоштшудагон аъзои гуруҳ ҳаббҳои синтетикиро дар дискоклубҳо ва тафреҳгоҳҳои ҷавонон ба фурӯш мебароварданд. 

ххх

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ноҳиявии Ҷамъиятии мададгори мудофиа, Комиссариати ҳарбӣ, инчунин шӯъбаҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур дар маҷлисгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони литсеи туризм, якчанд коллеҷи касбию техникии Душанбе мулоқот баргузор карданд. Ҷамъомадагон оид ба ин масъала табодули афкор карданд, бо масъулини баргузории мулоқот сари чандин мавзуъи вобаста ба нашъамандӣ вориди баҳс шуданд ва ба саволҳои худ аз мутахассисон посухҳо дарёфт намуданд. Гуфта шуд, ки зидагии маъмулии инсонҳо аз варзиш, машғул шудан ба корҳо ва фаъолиятҳои эҷодӣ, мутолиаи китобҳо рангин аст, на аз истеъмоли маводи нашъаовар. 

ххх

Силсилаҷаласаҳои санҷишии фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи нақшаи тарҳрезикардаи Агентӣ сар моҳи феврали соли равон оғоз шуданд. Дар ҷаласаи ноҳияи Шаҳринав ахбори шӯъбаҳои маорифу фарҳанг, духтури нарколог, муҳаррири рӯзномаи маҳаллии "Ҳақиқати Шаҳринав" шунида шуд. Чунин ҷаласаҳои санҷишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон доир шуданд.

ххх

Масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дурнамои рушди Агентӣ дар мулоқоти муовини Директор Бунафша Одинаева бо Стивен Фагин - директори шӯъбаи масъалаҳои минтақавии Бюрои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Департаменти Давлатии ШМА мавриди баррасӣ қарор гирифт.  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi