Ҷоизаи "Фаҷр" ба филмномаи "Оинаи беҷило"
Филми коргардони тоҷик Носир Саидов "Оинаи беҷило", ки нахустнамоиши он дар Корея баргузор шуда буд, дар озмуни "Фаҷр"-и Эрон соҳиби ҷоизаи беҳтарин филмнома шуд.
Ҷолиб он аст, ки муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов як сартарошест, ки дар Русия муҳоҷир аст. Худи Бахтиёр дар ҷашнвораи "Фаҷр" ширкат накардааст, вале аз он ки филмномаи ӯро беҳтарин унвон кардаанд, шод шудааст. Бино ба иттилои худи Носир Саидов дар ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон аз Тоҷикистон чандин филмҳои таърихӣ ва муосир, аз ҷумла "Рустаму Сӯҳроб", "Достони Сиёвуш", "Қисмати шоир", филмҳои бадеии нави "Оинаи беҷило", "Қиёми рӯз", филмҳои мустанад ва якчанд филмҳои тасвирии Бахтиёр Қаҳҳоров пешниҳод шуда буданд.
"Оинаи беҷило" дуввумин филми коргардон аст, ки соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ мегардад. Мусиқии онро Далер Назаров навиштааст. Дар он ҳунармандон Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Моҳпайкар Ёрова, Мадина Назарамонова, Парвиз Саидов, Темур Турсунов нақшҳо офаридаанд.
Нахустнамоиши "Оинаи беҷило" дар шаҳри Пусани Корея баргузор шуд. Бинандагони ватанӣ онро 2 сентябри соли гузашта тамошо краданд.