03:38:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вазири нақлиёт, Амонуллоҳ Ҳукумов ва нақби «Истиқлол»

Мо аз корҳо ва таҷрибаи Амонуллоҳ Ҳукумов  бояд омӯзем. Кореро, ки Амонуллоҳ Ҳукумов  барои ҷумҳурӣ кардааст, ман ҳамчун вазир ҳанӯз накардаам, гуфт Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 13-ум феврали соли 2014 баргузор гардид.

khayrullo-asozoda 54545Ӯ ин суханонро дар посух ба саволи хабарнигоре иброз дошт. Вале дар оғози нишасти матбуотӣ Вазири нақлиёт дар бораи натоиҷи кори вазорат дар соли 2013 маълумоти мухтасар дод. Аз ҷумла ӯ изҳор дошт, ки корҳои бунёду барқарорсозӣ дар доираи 18 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 849,8 млн. долари ИМА идома ёфта, дар давоми сол лоиҳаҳои бунёди нақбҳои «Хатлон» ва «Шаҳристон», таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (марҳилаи 2) ва пул аз боли дарёи Панҷ дар мавзеи Шаҳони ноҳияи Шӯрообод, бо истифодаи 179,2 млн доллари ИМА анҷом дода шудааст.

Дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобили байналмилалии 39 давлати хориҷӣ дуру наздик ва ширкатҳои ватанӣ 1,9 млн тонна бор интиқол гардид, ки нисбати соли 2012, боркашонӣ 10,6 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2013 аз ҳисоби фаъолияти нозиротию танзимӣ 20,3 млн сомонӣ ба даст оварда шуда, барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 4 728 адад иҷозатнома дода шудааст. Айни ҳол, дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 11 796 адад субъектҳои иҷозатномадор фаъолият доранд.

Хайрулло Асозода дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон дар бораи камбудиҳои нақби Истиқлол гуфт, ки ҳангоми бунёди он технологияи иҷроиши кор риоя нашудааст. Мо норозигии худамонро ба сохтмончиёни эронӣ байн кардем ва онҳо моро дуруст фаҳмиданд. Ва ҳозир омада як қисми камбудиҳоро бартараф карда истодаанд. Масъаларо мо ҳамин хел сахт мондем, ки ё хатогиҳо ислоҳ мешавад, ё мо онҳоро аз онҷо тамоман мебарорем». 

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi