18:16:44 02-уми Июни 2025 сол

Генерал Ҷеймс Терри дар Тоҷикистон

Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал -лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз, 11-уми феврвл бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба кишваҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

james-terry-65465456Ҳангоми сафари хеш генерал Терри бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот онҳо масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Генерал Терри ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд.

Дар ин бора ба сомонаи «Рӯзгор» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854