18:33:20 02-уми Июни 2025 сол

Беш аз 80 акси аккоси тоҷик дар Берлин

5-уми феврали соли равон дар шаҳри Берлини Олмон намоиши аксҳои аккоси шинохтаи кишвар Шӯҳратҷон Ёров, ки 26- уми январ таҳти унвони "Тоҷикистони ман" оғоз гардида буд, ба поён мерасад. Ташаббускори намоиши мазкур Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо", Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон буданд.

Дар вазорати умумри хориҷии Тоҷикистон бо тайиди ин хабар ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки сокинони Берлин бо тамошои бештар аз 80 акси Ш. Ёров бо ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвар ва манзараҳои дилфиребу иншоотҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ошно шуданд. Ин аввалин намоиши аксҳои Ёров дар хориҷи кишвар нест. Аз ин пештар ҳам асарҳои ӯ  дар Туркманистон, Покистон, Белорусия, Русия ва Шоҳигарии Уммон ба намоиш гузошта шуда буданд.

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854