18:55:26 06-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат ду ҷониб  бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар соли 2014 ҷараён мегирад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

khabarho14-15Дар робита ба ин мавзӯъ тезондани кумаки моддию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбон ва сохторҳои дигари дахлдори Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Тибқи хабари Николай Бордюжа ахиран Остона ва Бишкек ба қароре омаданд, ки барои таҳкими марзи Афғонистон  ба Тоҷикистон кӯмаки фаврӣ расонанд. "Мо аллакай медонем чӣ кӯмак расонем. Аллакай як силсила қарорҳо дар сатҳи президентҳои Қазоқистон ва Қирғизистон қабул шудаанд, пешниҳодоти мушаххас ба Президенти Русия низ омода шудааст",-гуфт Бордюжа.

ххх

Чин бо эълони сабукиҳо дар маҳдудияти таваллуд ба яккафарзандон иҷозат додааст, ки метавонанд соҳиби фарзанди дуюм шаванд. То ин замон танҳо касоне имкони таваллуди тифли дуввум доштанд, ки марду зан дар хонаводаҳое ба камол расидаанд, ки як фарзанд доштанд. Дар аввали соли 80 асри гузашта Чин аз тарси афзоиши бесобиқаи аҳолӣ ногузир шуд таваллудро то як кӯдак маҳдуд кунад. Аммо баъдан хатари солмандшавии аҳолӣ пеш омад ва пешниҳоди таҷдиди назар дар қонунҳои гузашта торафт қавӣ шуд ва билохира давлатро водор кард ба ояндаи рушди мамлакат бияндешад, ки бо солмондон метавонад дучори таназзули иқтисодӣ шавад.

ххх

Қарор аст дар наздиктарин фурсат дар парламони Эрон лоиҳаи қонуне ба тасвиб расад, ки ҳукуматро ба ғанисозии урани 60 фоиза таҳрик медиҳад. Дар айни замон бино ба иттилои  Press-TV беш аз 100 вакили паламон ба ҷонибдорӣ аз баррасии ин лоиҳаи қонун садо баланд кардаанд. Тибқи пешниҳоди вакилон агар Ғарб бар зидди Эрон таҳримҳои нав эълон кунад ва ё ҳақи доштани барномаҳои ҳастаии сулҳомез барои ин кишварро эътироф нанамояд, ҳукумат вазифадор хоҳад буд муҷаҳҳаз сохтани объектҳои ҳастаии Натанз ва Фордуро ба анҷом расонад.

ххх

Узбакистон дӯст ва ҳамкори юнонии духтарбузурги Президент Ислом Каримов Гулнора Каримоваро аз кишвар ихроҷ кард. "24 декабр бо ҳавопаймои хатсайри "Тошканд-Истамбул-Афина" Янис Галанос тибқи қонунгузории Узбакистон ихроҷ карда шуд",- омадааст дар хабарномаи вазорати умури хориҷа. Гулнора Каримова ҳанӯз моҳи ноябр дар Твиттер навишта буд, ки Галанос 13 ноябр дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Тошканд аз ҷониби мардони мусаллаҳ боздошт гардид ва то ба имрӯз дар зиндон ба сар мебарад.

Гулнора Каримова ҳамчунин  менавишт, ки  Галанос аз шиканҷаи мақомоти интизомӣ 20 кило вазн партофтаву дар ҳоли вазнин қарор дорад. "Ӯро мезананд, азият мекунанд ва мехоҳанд далолилеро дарёфт кунанд, ки ба вай иртибот надорад",-менавишт ӯ. Гуфтанист Галанос, ки дизайнер ва суратгири моҳир ба шумор меравад, дар чандин лоиҳаҳои пурсарусадои Гулнора Каримова шарик буд. Мақомоти Узбакистон дар чеҳраи ӯ шахси хеле наздик ба доираҳои духтари президентро мебинанд.

ххх

Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи уламои мусалмон, ҳукумати низомии Мисрро ба даст доштан ба инфиҷорҳои ахир муттаҳам кард, ки муҷиби талафоти ҷонӣ ва хисороти калон шудаанд.  Вай иқдоми давлати Миср дар мавриди террористӣ хондани Ихвонул-муслиминро маҳкум кард ва гуфт: "Ихвон мавриди зулм ва ситам воқеъ шуда, зеро аз замоне ки ин гурӯҳ таъсис шуда садҳо тан аз аъзои ин гурӯҳ ба хотири иттиҳомоти беасос боздошт ва муҳокима ва зиндонӣ шудаанд."

Вай ҳамчунин нерӯҳои артиши Мисрро ба сӯзондани хонаи ҳомиёни Ихвон, ҳамла ба донишгоҳҳо ва боздошти занони бегуноҳ ба иттиҳоми террроризм муттаҳам кард. Гуфтанист, ки баъди инфиҷори маркази амниятӣ дар Алмансура, давлати муваққати Миср гурӯҳи Ихвонул-муслиминро дар феҳристи гурӯҳҳои терорристӣ қарор дод ва "Бародарони мусалмон" бо судури баёнияе даст доштан дар таркишҳои ахирро такзиб кард.

ххх

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон даъвати мулоқот бо рӯзноманигоронро пазируфтааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо "Рӯзгор" ин хабарро тайид кард ва илова намуд, ки мулоқот ба зудӣ баргузор намешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Садриддинов ҳоло вазорат дар поёни сол омодагӣ ба ҳифзи амният дар чорабиниҳои солинавӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2013 саргарм аст. Тасмими мулоқот бо рӯзноманигорон замоне гирифта шуд, ки гурӯҳи сардабирони нашрияҳо ва созмонҳои журналистии кишвар баъди боздошту латукӯби наворбардори "Озодагон" Абдураҳим Шукуров аз ҷониби милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо номаи расмӣ ба вазир муроҷиат карданд ва тақозои мулоқот намуда буданд.

ххх

Се рӯзноманигори тоҷик, Ҳумайрои Бахтиёр, Ҳарамгули Қодир ва Ганҷина Ганҷова дар озмуни "Беҳтарин инъикосгари интихоботи президенти Тоҷикистон - 2013" миёни 20 ширкаткунанда аз беҳтаринҳо шинохта шуда, аз ҷониби дафтари Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон соҳиби ҷоиза гаштанд. Дар ин озмун ҷои аввал насиби хабарнигори "Озодагон" Ҳумайрои Бахтиёр шудааст ва ҷойҳои дуюм ва сеюмро мувофиқан Ганҷина Ганҷова, хабарнигори радиои "Озодӣ" ва Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори "Ҷумҳурият" соҳиб шуданд. Аммо Ҳарамгули Қодир дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки аксари матолиби интихоботии вай дар ҳафтаномаи "Нигоҳ", ки он замон корманди он буд, нашр шудаанд.

Лоиҳаи "Боло бурдани малакаи намояндагони ВАО оиди инъикоси интихоботи президентии соли 2013" аз ҷониби IWPR бо кумаки созмони ҷаҳонии дастгирии ВАО (IMS) амалӣ гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа моҳи августи соли ҷорӣ давраи омӯзишӣ оғоз гардида, натиҷаи он моҳи декабр ҷамъбаст шудааст. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi