07:29:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тақозои созмонҳои журналистӣ аз Рамазон Раҳимов

Созмонҳои хабарнигорӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26 декабр бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум карда, аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, муҷозоти омилони онро тақозо карданд.

ramazon-rahimov54784545Роҳбарияти Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои Васоити ахбори омма ва Медиа - Алянси Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи изтирорӣ ширкат доштанд, талаб карданд, Шукуров ҳар чӣ зудтар озод шуда ва сӯҳбати рӯбарӯи онҳо бо вазири умури дохилӣ ташкил шавад.

МАТНИ ИЗҲОРОТИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН:

Дирӯз, 25 декабр, баъд аз чошт, Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ, дар наздикии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, ҳангоми интиқол ба ШКД лату кӯб шудааст. Кормандони ШКД журналист Абдураҳим Шукуровро барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам намуда, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Ҳол он ки тарзи рафтори муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ, ки журналистро ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ боздошт намуданд, талаботи Моддаи 162–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон»-ро нодида гирифтанд ва ҳам бо журналист ҳамчун ба шахси ҷинояткори барои ҷомеа хавфнок муносибат карда, ҳангоми боздошт ҳуқуқи шаҳрвандии ӯро поймол намуданд.

Боис ба нигаронӣ ва ташвиши мост, ки чунин рафтор ва муносибати кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо журналистон бори аввал набуда, солҳои охир барои мақомоти қудратӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидааст. Монеъ шудан ба фаъолияти журналист дар ҷомеаи демократӣ, ки Тоҷикистони мо дар раванди эъмори он қадам мезанад, ба осони поймол кардани ҳуқуқи инсон барои дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ мегардад. Зеро журналистон новобаста аз хушоянд будан ва ё набудани воқеаву ҳодиса, вазифадоранд аз ҳар рӯйдод ба ҷомеа иттилоъ дода, бо ин кори худ ба халалдор нашудани фазои иттилоотии кишвар ва таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа мусоидат намоянд.

Мо, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рафтору муносибати кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар нисбат ба журналист Абдураҳим Шукуровро зуҳури муносибати ғайрикасбии мақомоти ҳифзи тартибот ҳисобида, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақозо дорем, ки журналисти ҷабрдида ба зудӣ аз ҳабсу таъқиб озод карда, дар нисбати кормандони дахлдори қазияи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон,

Медиа-Алянси Тоҷикистон

Манбаъ: «Озодагон»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi