12:53:32 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шоҳҷоизаи "Мақсуд зи ҷумла офариниш моем" дар озмуни Осиё

Намояндагони фарҳанг ва адаби тоҷик дар озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқҳои Осиё таҳти унвони "Санъати афсонагӯӣ" ғолиб дониста шуданд.

Ба озмун аз ҳама кишварҳои Осиё 238 асар ворид шудааст ва ба гуфтаи Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз миёни ин ҳама шоҳҷоиза ба муаллифони сенарияи намоишномаи "Мақсуд зи ҷумла офариниш моем", ки ба қалами  Азим Аминов, адиб ва нависандаи тоҷик ва Олим Салимзода мутааллиқ буд, тааллуқ гирифтааст. Ҳамчуноне аз номаш пайддост, муаллифон сенарияи худро дар пояи рубоиёти оламгири Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ таҳия кардаанд ва фаласафаи баланди асар аз назари доварони озмун дур намондааст.

Раҳматулло Раҳматуллоев ҳамчунин гуфт, ки дар ин озмун Садрӣ Умар, шоир, нависанда ва драматурги тоҷик бо сенарияи филми ҳунарии "Чамбули мастон" ғолиб дониста шудааст. Садрӣ Умар солҳои пеш низ бо ду сенарияи ҷолиб бо номҳои "Гурзод" ва филми ҳунарии "Тифле дар чанголи уқоб" дар ин озмун ширкат карда ва ҷои аввалро гирифта будааст.

Озмуни "Санъати афсонагӯ" се сол пеш бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон ташкил шудааст ва ҳадафи асосии он дарёфти асарҳои саҳнавии дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар ҷодаи санъати театрӣ ва филмофарӣ мебошад.

Дар ду соли аввал шоҳҷоиза насиби Ҷумҳурии Қирғизистон барои филми ҳунарии "Ашки духтари ҷасур" ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сенарияи филми ҳунарии "Алпомиш" шуда буд.

Раҳматулло Раҳматуллоев дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки ин озмун соли оянда низ идома мекунад ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi