02:17:24 03-уми Июни 2025 сол

Ровии "Сафина" ҷоизаи ҷашнвораи синамои Ҳиндро гирифт

Таҳмина Раҷабова, ровии телевизионии "Сафина", ки дар филми "Марде дар орзуи зани паҷум" нақш бозида буд, дар номинатсияи "Беҳтарин акстриса"-и ҷашнвораи байналмилалии "International Film Festival" дар Ҳиндустон сазовори ҷоиза шудааст. Бино ба гуфтаи Таҳмина Раҷабова дар филми ёдшуда 5 образи зан офарида шуда буд, вале ҳайати ҳакамон нақши ӯро муассир ёфтаанд. 

takhmina safina-544545Маврид ба ёдоварист, ки филми "Марде дар орзуи зани панҷум" соли 2011 бо дастгирии фаннии Ҳиндустон аз ҷониби коргардони афғон Сиддиқ Обидӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон наворбардорӣ шудааст. Ҳунарманди театри ҷавонони ба номаи Маҳмудҷон Воҳидов Бердӣ Минглиев, ки дар  ин филм нақш дошт, дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки "Марде дар орзуи зани панҷум" соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии синамо (BIFF) дар шаҳри Бостони ИМА низ соҳиби ҷоиза гардида буд. Ба гуфтаи Бердӣ Минглиев дар ин филм аз Тоҷикистон се нафар: Таҳмина Раҷабова, Шаҳноза Буриева ва худи ӯ нақш офаридаанд.

Бердӣ Минглиев гуфт, ки "Марде дар орзуи зани панҷум" то ҳол дар Тоҷикистон намоиш дода нашудааст, аз ин рӯ барои тамошобини тоҷик он ношинос аст. Вале таҳиягарони филм ният доранд баҳори соли оянда онро ба Душанбе оранд ва бо мувофақа бо мақомоти синамои Тоҷикистон намоиш диҳанд.

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854