03:38:47 03-уми Июни 2025 сол

218 компютери Иттиҳодияи Аврупо ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон

Иттиҳодияи Аврупо бо мақсади таҳкими системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 218 компютер, 160 модем ва 90 принтер тақдим намуд. Аз  намояндагии ИА дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ин таҷҳизот дар доираи татбиқи Лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ оиди мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (HMIS III)" ироа шудааст.

tajhizot-78454545Бар асоси ин барнома қарор аст то охири соли 2013 муассисаҳои тандурустии ш.Душанбе ва 20 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва баъдан то нимсолаи якуми соли 2014 дигар шаҳру ноҳияҳои боқимонда бо шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ пайваст карда шуда, бо таҷҳизот (компютерҳо, модемҳо ва принтерҳо) таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон таҳкими системаи иттилоотии тандурустӣ ва омӯзонидани кормандони соҳаи омори тандурустии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони раёсатҳои тандурустӣ ба технологияи нави истифодабарии компютерӣ ва воридсозии барномаи DHIS-2 роҳандозӣ мешавад.

Гуфтанист, ки Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо "Кӯмаки техникӣ оиди таҳкими системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" расонидани 3,4 млн. евро кӯмаки техникӣ ба муассисаҳои тандурустии кишварро дар назар дорад ва он муштаракан бо EPOS Health Management (Олмон) ва ICON-Institute Public Sector (Олмон), бо иштироки Донишгоҳи Осло (Норвегия) ва IrfatC (Тоҷикистон) татбиқ карда мешавад. 

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854