03:25:28 03-уми Июни 2025 сол

Дар вазорати маориф таҳсили аққалиятҳои миллӣ баррасӣ шуд

Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муовини вазир Т.Маҳмадова ва ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссариёи Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Анастасия Стоянова масъалаҳои марбут ба ақаллиятҳои миллӣ, шароити таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, корҳои ба сомонрасида дар ин самт, имконияти ҷорӣ намудани таълими бисёрзабона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ, таълиму тарбияи хонандагон дар шароити бисёрфарҳангӣ, таъминот бо китобу маводи таълимӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор додаанд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилъ доданд.

seminari mashvarati45454554Бино ба гуфтаи манбаъ хонум Стоянова аз ҷумлаи мутахассисони шинохта дар соҳаи таълимоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҷараёни суҳбат бо муовини вазири маориф ва илми кишвар вай изҳор дошт барои пешрафти таҳсилоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ ҳамчунин ҳамоҳангсозии корҳои анҷомшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳар кумаки лозиро расонад. Алҳол дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ, узбакҳо ва қирғизҳо бо забони модариашон мактаб доранд. Забони русӣ бошад дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣҷорист.

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854