19:11:59 04-уми Июни 2025 сол

Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа

Бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон, бар асари оташсӯзии шаби гузашта, комилан аз байн рафтааст.

roshtqala-54545645Раҳмонқул Раҳмонқулов, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 4-уми декабр дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки сӯхтор соати тақрибан 2:30 дақиқаи шаби гузашта ба амал омада ва бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаро комилан аз байн бурдааст. Ба қавли манбаъ, оташсӯзӣ хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст ва он бо кӯмаки кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди соати 3:30 хомӯш карда шудааст.

Ҳамакнун кормандони ҳайати ҳукумати Роштқалъа дар бинои идораи маорифи ин ноҳияи ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Бинои кӯҳнаи ҳукумати ноҳияи Роштқалъа солҳои 1950 бунёд шуда ва ҳамакнун бунёди бинои нав барои он ҷараён дорад.

То кунун сабабҳои сӯхтор рӯшан нест ва ба қавли сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон, комиссияи вижа барои маълум кардани сабаби сӯхтор ва ҳамчунин муъайян намудани ҳаҷми зарар, таъсис шудааст.

"Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854