21:50:20 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муддаии курсии президентӣ бояд 210 ҳазор имзо ҷамъ кунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзад ба мақоми президентӣ, аз рӯзи пешбарии номзад то таърихи 7-уми октябр сурат мегирад. Ин матлабро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 31-уми август зимни як ҷаласаи ин ниҳод, ки дар он намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат доранд, баён дошт.

km-intokhobot-53656Дар ин нишаст, ки ҳамакнун дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҷараён дорад, масоиле чун тақвими чорабиниҳои асосӣ доир ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот, муқаррар намудани тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандони ба ҷонибдории номзад, ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оқои Шоҳиён аз ҷумла гуфт, ки дар ин росто дар кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил мешавад ва муддаии курсии президентӣ бояд имзои 210 ҳазор интихобкунандаро ҷамъ намояд. Дар ин нишаст ҳайати маркази матбуотии КМИР иборат аз нӯҳ нафар интихоб шуданд, ки дар раъси он Нурулло Маҳмадуллоев, корманди вазорати меҳнат қарор дорад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли равон баргузор мешавад. Ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми август доир шуд, санаи 6 ноябри соли равонро рӯзи интихоботи президентӣ эълон кард.

То кунун ҳеҷ гурӯҳ ва ё ҳизби сиёсӣ номзади худро ба таври расмӣ муаррифӣ накардааст ва қарор аст дар рӯзҳои оянда бо баргузории анҷуманҳои худ, номзад ва наҳваи иштироки худ дар ин маъракаи сиёсиро эълон намоянд.

Дар Тоҷикистон шакли президентии ҳокимият аз соли 1990 ҷорӣ карда шудааст. 30 ноябри он сол аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов тариқи раъйдиҳӣ дар парлумон интихоб шуд. Нахустин президенти интихобии Тоҷикистон Раҳмон Набиев аст, ки соли 1992 аз миёни чор нафар дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз омад. Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 аввал раиси Шӯрои Олӣ буд ва моҳи ноябри соли 1994 бори аввал президент интихоб шуд. Дар ҳамин моҳ солҳои 1999 ва 2006 ду бори дигар бар маснади президентӣ нишаст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi