20:02:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲХДТ рӯзи 6-уми сентябр номзад пешбарӣ мекунад

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон номзад ба интихоботи президентии худро ба таърихи 6 сентябр пешбарӣ ва эълон хоҳад кард.

taqvim-655649696Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон ва узви раёсати ҲХДТ ин матлабро рӯзи якшанбеи 25-ум август зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ховалинг баён кардааст. Вай дар ин мулоқот гуфтааст, ки анҷумани ҲХДТ ба таърихи 6-уми сентябр баргузор хоҳад шуд ва яке аз масъалаҳои калидӣ дар ин нишаст, пешбарии номзади ҳизб барои ширкат дар интихоботи қирбулвуқуъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳарчанд, Ғайбулло Афзал мушаххасан аз исме барои номзади ҲХДТ ном набурдааст, аммо гуфт, ки "Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ба тақаллуб ниёз надорад ва бояд омодагиҳо барои баргузории интихоботи озод ва шаффофу демократӣ дар сатҳи хеле баланд сурат бигирид."

Ҷаноби Афзал афзудааст, "ҳар нафаре, ки номзадиашро ба интихобот мегузорад, бояд баробар ташвиқ шавад ва дар ин сурат худи мардум аз кору пайкор ва хидматҳои онҳо хулоса хоҳад кард, ки кадоме аз онҳо арзандатар ҳастанд".

Раиси вилояти Хатлон ба масъулон дастур додааст, ки то ҷиҳати омода кардани қитъаҳои раъй ва ба рйхат гирфтани раъйдиҳандагони интихобот тамоми чораҳонро биандешанд.

Ба таъкиди мақоми аввали вилояти Хатлон, ҳадафи аслӣ аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, озоду шаффоф ва демократӣҷараён гирфтани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аз ин тариқ боло бурдани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ аст.

Зимнан, Хатлон аз вилоятҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешааад, ки бо доштани беш аз 2, 5 миллион ҷамъият, дар канори вилояти Суғд, дар шимол бештари раъйдиҳандагонро дорост.

Рӯзи 30-юми август иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлси Миллӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон мешавад. Интизор меравад, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи ноябр баргузор шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi