ПОКИСТОН РОҲРО БА РӮИ НАТО БОЗ МЕКУНАД
15.05.2012 14:33
1087
Покистон ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад. Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон рӯзи душанбе гуфт, ки кишвараш ба ин натиҷа расидаст, ки роҳҳои икмолоти ба рӯи нерӯҳои ...
ҲХДТ АЗ ТАФТИШИ ДОДСИТОНӢ "СОФ" БАРОМАД
14.05.2012 20:39
934
Додситонии кулл санҷиши фаъолиятҳои молиявии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистонро ҳам ба охир расондааст. Усмон Солеҳ, масъули ҳизб ба мо гуфт, ин санҷиш ҳудуди як моҳ тӯл кашид ва чанд камбудии хеле кӯчакро марбут ба коргузорӣ ошкор кард.
ДАР УЗБАКИСТОН БА НАЗДИКИИ МАРКАЗИ ЗИЛЗИЛА БО РОҒУН ИШОРА КАРДАНД
14.05.2012 08:35
1099
Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд.
“АМИР”-И ҲИУ ДАР ҚУБОДИЁН БОЗДОШТ ШУДААСТ
10.05.2012 19:50
1145
Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ноҳияи Қубодиён боздошт шудааст. Як манбаъ дар ин раёсат ба мо гуфт, Зилмурод Эшонхонови 39-сола, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Қубодиён бо ду ҳамсафи ...
ДОДСИТОНИИ КУЛ ҲИЗБИ ШОДӢ ШАБДОЛОВРО ҶАРИМА БАСТ
10.05.2012 12:40
1050
Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби коммунистро барои риоя накардани шароити қонуни андоз ба маблағи 2 ҳазору 641 сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иттилоъ дода ва гуфтанд, ки ин ҷаримабандӣ дар пайи ...
ҲАЛОКАТИ ЯК КОРМАНДИ МИЛИСА АЗ ЗАРБАИ БАРҚ
08.05.2012 23:24
960
Имрӯз аз зарбаи барқ як корманди раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории “Азия-плюс” навиштааст, ки ин ҳодиса субҳ ҳангоми сафороии кормандони милиса дар ҳавлии раёсати вилоятӣ рӯх додааст.
ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА АФҒОНИСТОНРО АЗ САР ГИРИФТ
08.05.2012 23:23
888
Тоҷикистон интиқоли барқи худро барои Афғонистон аз тариқи хатти баландшиддати "Сангтӯда-Пули Хумрӣ" пас аз таваққуфи якҳафтаина шурӯъ кардааст.
ДАЪВОИ ДОДГОҲИИ ҲНИТ ЗИДДИ ДОДСИТОНИИ КУЛЛ
08.05.2012 09:08
737
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ки ҳадаф аз даъво алайҳи додситонӣ, муайян кардани қонунмандии санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз сӯи додситонӣ аст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳам дар созмонҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳам дар дафтари марказии ҳизб баргузор гардид.
БАРНОМАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО НАШЪАМАНДӢ
07.05.2012 16:07
1076
Давлати Тоҷикистон «Барномаи миллии ҷилавгирӣ аз густариши нашъамандӣ» барои солҳои 2013-2017-ро тасдиқ кардааст.
Ф.САИДОВ: "НОЗИМҶОН НИДОЕВ ДАСТГИР НАШУДААСТ"
07.05.2012 16:05
1108
Оҷонси мубориза бо фасод чораи ҳабси пешакӣ алайҳи Нозимҷон Нидоев, раиси пешини Донишгоҳи иқтисодиро иваз кардааст. Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 май бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки тафтиши парвандаи алайҳи раиси пешини ин донишгоҳ ва ҳамроҳони ӯ аз тарафи бозрасонӣ ин ....
ЛАТУКӮБИ РАИСИ ҶАМЪИЯТИ УЗБАКТАБОРОНИ ХАТЛОН
07.05.2012 15:53
975
Раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон мавриди лутукӯби афроди номаълум қарор гирифтааст.
ХАБАРНИГОРИ ХАБАРГУЗОРИИ "ФОРС" ДАР КОБУЛ БОЗДОШТ ШУД
07.05.2012 10:25
818
Идораи Амнияти миллии Афғонистон мегӯяд як хабарнигори хабаргузории "Форс" - и Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Кобул боздошт кардааст. Як манбаъ дар Амнияти миллии Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯзноманигор ба иттиҳоми "ифшои асрори маҳрами давлатӣ ба Эрон" боздошт шудааст.
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУВВУМИ ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИ ФАРОНСА
06.05.2012 21:36
917
Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса дар ҳоле оғоз шуд, ки назарсанҷиҳо ҳикоят аз ғалабаи Франсуа Олланд бар Никола Саркозӣ дорад.
МУСОДИРАИ 74 ТОННА МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР 11 СОЛИ ОХИР
06.05.2012 14:13
912
Тоҷикистон бо истифода аз ёриҳои Иттиҳоди Авруподар 11 соли охир наздик ба 74 тонна маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки 31 тоннаи он ҳероин будааст.
ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШОНГҲОЙ ШИРКАТ МЕКУНАД
06.05.2012 14:12
943
Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 11-уми май дар Пекин мулоқот хоҳанд кард.