15:40:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН. ИХРОҶИ 28 ШАҲРВАНДИ ХОРИҶӢ ДАР ЯК МОҲ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, моҳи гузашта 28 шаҳрванди хориҷиро бинобар риоят накардани муқаррароти иқомат аз кишвар рондаанд.

/images/stories/2012/06/02_milisa-2612.jpgМаҳмадулло Асадуллоев сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба мо гуфт, ки тайи ду ҳафтаи ахир кормандони Вазорати умури дохила дар ҳамоҳангӣ бо ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти давлатиии муҳоҷират барои маълум кардани шароити иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, як амалиёти густардаро пиёда карданд.

Зимни ин амалиёт, ки дар марказҳои савдо, нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва бозорҳои пойтахт анҷом шудааст, даҳҳо мавриди нақзи муқаррароти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла зимни тафтиш ошкор шудааст, ки танҳо дар бозори «Корвон»-и пойтахт  53 шаҳрвандони Чин ва Афғонистон бо худ паспорт ва асноди иқомат надоштанд.

Сухангӯи вазорати умури дохила афзуд, дар ҷараёни амалиёти сеҳафтаина барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин 87 хориҷии дигар, бахусус шаҳрвандони Чин ва Афғонистонро барои нақзи муқаррароти иқомат ҷарима баста шуда ва аз онҳо ҳудуди 63 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки санадҳои оддитарни иқомат надоранд аслан табааи Афғонистон, Чин Узбакистон ва Эрон мебошанд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар кишвар бештар аз 16 200 шаҳрвандони хориҷӣ ба кору таҳслил машғуланд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi