22:56:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Э.РАҲМОН ЧИНИҲОРО БАРОИ КОРКАРДИ МЕВА ДАЪВАТ КАРД

Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорони чинӣ хост, барои коркарди меваи Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кунанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Чин бо гурӯҳи соҳибкорони ин кишвар дидору мулоқот карда, аз онҳо хост, то барои коркарди меваи Тоҷикистон низ сармоягузорӣ намоянд. Ӯ дар ҳамоиши "Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ" аз меваҳои Тоҷикистон тавсиф карда ва онро ба саломатии чиниҳо фоидаовар донист.

/images/stories/2012/06/03_emomali-rahmon-030512.jpgБарои иштирок дар ин ҳамоиш соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ба ҳам омаданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар тӯли 10 соли охир гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзуда, ҳаҷми солонаи он аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 50 тарҳи муштарак бо чиниҳо амалӣ мегардад. "Бо вуҷуди ин имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз хеле зиёданд",-таъкид кард ҷаноби Раҳмон.

Торнамои расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, "аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмонӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, бунёди зербинои сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид." Бино ба навиштаи ин торнамо, як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил шуд.

Дар охири сӯҳбати худ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, қарор аст, дар рӯзи охири сафараш ба Чин бо мақомоти ин кишвар як идда санадеро имзо бигузоранд, ки коркарди меваи Тоҷикистон яке аз онҳо хоҳад буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми июн барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба Чин рафт ва то панҷуми июн дар он ҷо хоҳад монд.

Қарор аст, ҳайати давлатии Тоҷикистон дар Пекин масъалаи тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, коркарди захираҳои азими нуқраи “Конимансури Калон”, конҳои ёқуту тило дар Архари Помири Шарқӣ ва барномаҳои дигарро низ баррасӣ кунад.

Чин бозори дохилии Тоҷикистонро тақрибан дар ихтиёри худ гирифтааст. Ҳоло аз сӯзан то компютер ва аз лампочка то ҷиҳози хонаву сарулибос ба бозорҳои Тоҷикистон аз Чин ворид мешавад. Бархе аз таҳлилгарон бо назардошти нуфузи рӯзафзуни Чин бо сармояи камфоизи худ ҳушдор медиҳанд, ки ин дар оянда метавонад Тоҷикистонро аз мустақилияти иқтисодӣ боздорад ва ба мутеи иқтисодии Чин табдил диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi