13:19:19 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

КОРЕЯИ ҶАНУБӢ НИЗ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ЧАШМ АНДУХТ

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Масъалаи дароз намудани мӯҳлати раводид барои муҳоҷирон корӣ миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ аз мавзӯҳое мебошад, ки зимни мулоқоти Сафиалло Девонаев ва Ён Джон-Ку, сафири Кореяи ҷанубӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз Хадамоти муҳоҷират ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад мӯҳлати раводидро ба ин кишвар, ки айни ҳол 3 моҳ муқарар гардидааст ба 6 моҳ расонида шавад.

/images/stories/2012/11/12_migrants-in-tajikistan-1212.jpgБо таваҷҷӯҳ ба ин Ён Джон-Ку иброз намудааст, ки раванди раводиддиҳӣ мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Корея ба роҳ монда шудааст ва барои шаҳрвандони худи Кореяи Ҷанубӣ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунанд, чунин амал мекунад. (яъне бо дигар кишварҳои Осиё низ 3 моҳ аст)

Ҷонибҳо ҷиҳати дароз намудани мӯҳлати раводид ба як хулосаи амиқ наомаданд, вале чанд масъалаи дигарро, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ дахл доранд, ба баррасӣ кашиданд.

Ба имзо расонидани созишнома «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, омӯзиши забони кореягӣ ба муҳоҷирони тоҷик, интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба ширкатҳои мошинсозии Короеяи ҷанубӣ низ дар ҷараёни ин мулоқот матраҳ гардид.

Ҷаноби сафир таъкид намуд, ки ба имзо расонидани созишномаи мазкурро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад ва ҷиҳати  таҳлилу баррасии он мактуби расмӣ ба Вазорати меҳнати Кореяи Ҷанубӣ фиристодааст.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо ба созиш омаданд, ки намояндагони Тоҷикистон барои баррасӣ ва таҳияи як қатор санаду ҳуҷҷатҳо бо Вазорати меҳнати Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Корея фиристода шаванд.

Ён Джон-Ку, сафири Короеяи Ҷанубӣ ёдовар шуд, ки тибқи маълумоти доштааш дар ҳудуди Кореяи Ҷанубӣ беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки бархе аз онҳо тоҷир ва сармоягузор мебошанд.

Зимни ин вохӯрӣ аз ҷониби сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод шуд, ки барои касбомузӣ ҳудуди 50-100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ширкатҳои мошинсозии Кореяи Ҷанубӣ фиристода шаванд.

Ҷониби Корея ин пешниҳодро  пазируфта, иброз намуданд, ки дар амалӣ намудани ин пешниҳод дастгирӣ ва саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Ён Джон-Ку илова намуд, ки то охири соли 2012 сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кишвараш шурӯъ менамояд.

Бояд зикр намуд, феълан Тоҷикистон дар баробари Кореяи ҷанубӣ ҳамчунин бо чанд кишвари дигар, аз ҷумла бо Беларус ва давлати Қатар дар хусуси сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ёфтани роҳҳои алтернатива барои муҳоҷирон созишномаҳе дорад, ки чанд вақт боз рӯи коғаз хобанд.

Бархе аз коршиносон дарёфти роҳҳои алтернативаи бозори меҳнатро барои муҳоҷирони тоҷик як иқдоми мусбат арёбӣ менамоянд, вале аз ба таъхиргузории силсиласозишномаҳо дар ин самт нигаронанд.

Ба қавли чанд тан аз ҳамсӯҳбатонамон кушодани роҳҳои нави бозори меҳнат бо дигар кишварҳо  боиси коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирон дар Русия мегардад ва то ҷое вобаста будани Тоҷикистонро аз Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ кам хоҳад кард.

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз зумраи нафаронест, ки зимни сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иброз дошт, ки интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо пойбанд будани Тоҷикистонро аз Русия кам мекунад, вале бо таваҷҷӯҳ ба надоштани тахассуси муҳоҷирони тоҷик имрӯз амалӣ намудани чунин иқдом барои Тоҷикистон имкон надорад.

Иззат Амон илова намуд, ки гузашта аз ин ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир таҷрибаи ба дигар самт равон кардани муҷоҷиронро низ надорад: «Масалан, алакай мо ин таҷрибаро бо Арабистони Саудӣ доштем, ки муваффақ нашудем, таҷриба ки нест намешавад».

Бархе аз соҳибназарон қабл аз сафарбарнамоии муҳоҷирони корӣ омилҳои мухталиф, аз ҷумла омӯзиши забон, тайёр намудани мутахассисонро ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунанда муҳим арзёбӣ намуда, мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон сари чунин масъалаҳо бояд бештар таваҷҷӯҳ диҳад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi