12:44:59 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ЭЪТИРОЗИ ҶУНБИШИ МУҲОҶИРОН БА "РОҲНАМО"-И ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗ

Бархе аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия гуфтаанд, муаллифони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро ба додгоҳ хоҳанд кашид.

/images/stories/2012/10/20_karikatura-201012.jpgХадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ вокуниши расмии худро нисбат ба тасвири "нодуруст"-и муҳоҷирон дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" баён хоҳад дошт. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамот, рӯзи шанбеи 20-уми октябр ба мо гуфт, айни замон роҳнамо дастраси онҳо шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ба расонаҳо гуфтааст, муаллиф ва ноширони "Раҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербургро ба додгоҳ хоҳанд кашид. Зеро ба қавли ӯ, "пас аз нашри барномаи Наша Раша моро Равшану Ҷамшуд меномиданд. Акнун пас аз нашри ин варақа моро "ҷорӯб" ва ё "андовачӯб" хоҳанд гуфт."

"Одамонро ба венику ҷорӯб монанд кардаанд. Дар сурате, ки онҳо веник бошанд, ба онҳо паспорт чӣ лозим?",-изҳор дошатааст Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо нашрияи "Известия". Вай илова кардааст, "ҳуқуқшиносони мо санад дар бораи муроҷиат ба додгоҳро долгоҳ омода мекунанд. Мо ҳамаи ин роҳнаморо пайдо ва нест хоҳем кард."

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, панҷоҳ дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия соҳиби маълумоти олиянд ва ин "роҳнамо" ба шаъну эътибори онҳо муносиб нест. Ба гуфтаи ӯ, бояд намояндагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, ки ин роҳнамо ба забони онҳо нашр шудааст, дар бораи манъи чоп ва тавзеи он ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари маркази "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" низ дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ин роҳнамо шарафи муҳоҷирнро паст задааст: "Агар ин дар шакли филми тасвирӣ мебуду дар қатори муҳоҷирон корфармоёну маъмурони пулис ҳам ба ашклҳои гуногун тасвир меёфтанд, шояд ин баробарӣ мешуду касе озурда намегардид."

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Узбакистон гуфтаанд, ки "дар ин роҳнамои муҳоҷирон нишонаи экстремизм ҳувайдост" ва онҳо омодаанд, ба додгоҳ муроҷиат намоянд.

Дар шаҳри Русия дастуре барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон - "Справочник трудового мигранта" ("Раҳнамои муҳоҷирони корӣ") нашр шудааст, ки аз маҷмӯи машваратҳо барои муҳоҷирон иборат аст. Дар ин раҳнамо аз ҷумла, роҳҳои бақайдгирии расмиву гирифтани иҷозати кор, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба ВИЧ СПИД ва муассисаҳои ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин тасвирҳое ҷо дода шудаанд.

Аммо ончӣ мояи таассуф ва хашм шудааст, ин аст, ки қаҳрамонҳои ин китобча ба шакли ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб (шпатель) ва валик тасвир шудаанд. Дар яке аз саҳифаҳои аввали ин китоб саҳнаи пешвозгирии меҳмонҳои нави Русия аз ҷониби масъулин - милиса, духтур, ходими давлат  ва роҳбалад тасвир шудааст, ки ҳамагӣ шабеҳи инсонҳоянд. Аммо онҳое, ки ба меҳмонӣ омадаанд, ашёи беҷоне буданд, ки дар корҳои сиёҳ истифода мешаванд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Фазлуддин 21.10.2012 13:20
agar shumo megued ki Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, панҷоҳ дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия соҳиби маълумоти олиянд ва ин "роҳнамо" ба шаъну эътибори онҳо муносиб нест.pas dar tjk baroi onho kor tahiya namoed. hukumati mo namexohad odamoni bosavod dar hukumat boshand. imruz hukumati mo tabdil ba duzdxona shudaast. hama dar fikri inand ki chi guna vazifa bixarandu dar mudati 1 sol 10 barobari puli dodai xud pul biduzdand . hukumati mo boyad ba fikri mardumi xud boshad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi