07:10:10 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"САРМОЯИ МУҲОҶИРОН ДАР БАДАХШОН ДУ БАРОБАРИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛИСТ"

Дар соли 2011 мелодӣ маболиғе, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтақил шуда, 44,5 милюн дулорро ташкил медиҳад. Ин миқдор пули воридшуда нисбат ба соли 2010 мелодӣ ба андозаи 11 милюн дулор ё 33 дарсад бештар аст.

money_dollarДар ин бора Қодири Қосим, раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар як нишасти хабарӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, бештари ин пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия ба сар мебаранд, интиқол дода шудааст. Ба ақидаи коршиносони маҳаллӣ, барои Кӯҳистони Бадахшон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳудуди 45 милюн дулор пули ҳангуфтест.

Ба гуфтаи онҳо, маблағи воридшуда тақрибан ду баробари буҷети воқеъии вилоят дар соли гузаштаи мелодӣ аст, ки зиёда аз 109 милюн сомонӣ ё беш аз 22 милюн дулорро ташкил медод. Ба бовари Латиф Шоҳзодаев, масъули раёсати рушди иқтисод ва фаъъолияти зидди инҳисории ҳукумати Бадахшон, ин миқдор пул аз тариқи бонкҳо интиқол дода шудааст ва ҳаҷми воқеъи маболиғи мунтақилшуда бамаротиб бештар аст, зеро муҳоҷирони корӣ бо дигар роҳҳо, ки дар бонкҳо сабт намешавад, низ метавонанд ба наздиконашон пул бифиристанд.

Тибқи як пажӯҳиш, ки Бунёди иҷтимоъии “Помир”, як созмони ғайридавлатии маҳаллӣ, ахиран дар мантақа анҷом додааст, пулҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ муҳоҷирон ба Бадахшон интиқол медиҳанд, мояи аслии зиндагии мардум аст ва тамоми тарҳҳои хусусии умронӣ бо истифода аз ин пулҳо анҷом мешаванд. Вале тавре ки пажӯҳиш ва ё назарсанҷии ин созмон нишон додааст, на ҳамаи пулҳои ворида ба таври муассир дар иҷтимоъ ва иқтисоди мардум ҳазина мешаванд.

Тибқи таҳқиқи ин созмон, мардуми Бадахшон бештари пулҳои воридшударо барои ин корҳо харҷ мекунанд: таъмиру бомпӯш кардани хонаҳо, хариди утумубил, васоили иртибоботӣ (моҳвора, телефунҳои ҳамроҳ, телевизиюн, дастгоҳҳои аккосӣ, васоили фаннии видиюӣ), ҷашнҳои арусӣ ва омӯзиши фарзандон. Бино ба таҳқиқи ин созмон, бештари пулҳои ирсолшуда аз хориҷи кишвар барои баргузории ҷашнҳои арусии пурмасраф ва корҳое сарф мешаванд, ки самараи тӯлонӣ надоранд.

Мамадсафо, як сокини ноҳияи дурдасти Роштқалъа, мегӯяд: “Чаҳор нафар аз писаронам ҳамакнун дар Русия ва Қазоқистон машғули кору фаъъолиятанд ва ҳар яке аз онҳо моҳе барои мо волидайнашон дусаддулорӣ пул мефиристанд”.

Вале оқои Маҳмадасафо меафзояд: “Мо ҳар моҳ ҳатто эҳсос намекунем ин пулҳо чӣ тавр тамом мешаванд ва вақте натиҷагирӣ мекунем, ҳатто барои чи сарф кардани пулҳоямонро намедонем.”

Ба бовари Латиф Шоҳзодаев, бино ба касодии дониши иқтисодии мардуми маҳаллӣ, надонистани шеваҳои иқтисоди бозорӣ, ки Тоҷикистон низ онро роҳи аслии тавсеъаи иқтисодии худ медонад, аксари сокинони мантақа наметавонанд аз пулҳои воридшуда ба таври босамар истифода кунанд.

Ба андешаи вай, дар ҳоли ҳозир тақрибан ҳафтод дар сади пулҳои воридшуда аз кишвар бидуни ҳадафҳои тӯлонии иқтисодӣ, зудгузар ва беаҳаммият, харҷ мешаванд. Вай афзуд, ки пулҳои воридшуда манбаъи хуби таъсиси тиҷорати хонаводагианд, вале мардум ба ин захира камтар таваҷҷуҳ доранд.

Ба гуфтаи оқои Шоҳзодаев, мақомоти маҳаллӣ тасмим доранд дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои афроди бузургсол дар мантақаҳои дурдасти кӯҳистонӣ, ки ба он ҷо ҳар гуна иттилоъот камтар мерасад, давраҳои омузишии кӯтоҳмуддате роҷеъ ба истифодаи муассир аз пул дар зиндагӣ ва чархондани тиҷорати хонаводагӣ доир кунанд.

Бадахшон дурдасттарин ва аз нигоҳи иқтисодӣ, фақиртарин гӯшаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Нархи тамоми маводди мавриди ниёзи зиндагӣ дар ин мантақа нисбат ба манотиқи дигар ҳамеша як ва ду баробар гаронтар аст.

Дар ин ҷо ҳоло тақрибан ҳеч як аз корхонаҳо, ки дар замони Шӯравиии пешин фаъъолият мекарданд, фаъъол нестанд. Ҳуқуқи феълии кормандони муассисоти давлатӣ дар мантақа муъодили 80 то 150 дулор аст. Ин дар ҳолест, ки нархи як киса орд дар Бадахшон 150 сомонӣ ва як литр бензин ҳудуди 2 дулор аст.

Коршиносон мегӯянд ба иллати вазъи бади иқтисодӣ тақрибан аз ҳар хонаводаи бадахшонӣ ба ҳисоби миёна як ё ду нафар ҳамасола барои пайдо кардани рӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ мераванд. Бино ба омори ғайрирасмӣ, ҳоло аз ҷумлаи 210 ҳазор нафар аз сокинони ин вилоят ҳудуди 20 ҳазор нафар аз афроди мустаъид ба кор дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва дигар мамолики ҳамсуд қарор доранд.

Мутахассисрни Сандуқи иҷтимоъии “Помир” мегӯянд яке аз роҳҳои беҳтар барои истифодаи муассир аз пулҳои воридотӣ ҷалби ин пулҳо ба тиҷорат аз роҳи таъсиси бонкҳои сармоягузории хурд дар Бадахшон аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi