06:03:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

"РУСИЯ БАРОИ РУСҲО", ТАҲХОНАҲО БАРОИ МУҲОҶИРОН

 

Маҷаллаи "Der Spiegel" дар як таҳлили худ менависад, 60 дарсади сокинони Русия аз шиори «Русия барои русҳо» пуштибонӣ мекунанд. Ба навиштаи ин нашрияи олмонӣ, дар Русия ҳоло бештар аз 9 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд, ки аксарияти онҳо бидуни иҷозатномаи расмӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Бештари ин афрод бошандагони кишварҳои собиқи шӯравӣ, хусусан аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, аксаран дар сохтмону бозорҳо машғули кор ҳастанд.

мухочиратБа эътиқоди муаллифи ин матлаб, аксари русҳо ба ин назаранд, ки теъдоди хориҷиён дар сарзамини онҳо афзун шудааст. Ҳамин аст, ки ба навиштаи ин маҷалла, маҳале мавсум ба Хотково дар наздикиҳои Маскав ба дунболи куштани шудани як табааи рустабор тавассути як шаҳрванди Тоҷикистон, ба шаҳраки орӣ аз хориҷиён табдил мешавад. Тақрибан ҳар шаб садҳо тан аз муҳоҷирони корӣ аз онҷо ихроҷ мешаванд.

«Русия барои русҳо» ҷонибдорони худро дар сартосари Русия, сар аз Владивосток то Калининградро дорад ва гурӯҳҳое чун «Светлая Русь" барои амалӣ шудани он талош мекунанд. Der Spiegel дар идома менависад, ахиран дар ин ҷо раиси ин созмон Игор Мангушев ва ҳамроҳони ӯ бар асоси шикояти як сокин ба маҳале шабехун заданд, ки дар он шаҳрвандони Осиёи Марказӣ будубош доштанд.

Наздик ба 50-60 тан аз мардону занони кишвари Узбакистон, ки тарсу ҳарос дар чеҳраҳояшон ҳувайдо буд, иҷборан аз таҳхона берун андохта шуданд. Онҳо дар ин таҳхонаи тангу тор, 5-6 нафари дар ҳар ҳуҷра зиндагӣ мекарданд, ки шифти он барои инсони миёнқад низ паст буд. Ин ҳуҷраҳо одитарин шароити будубош надоштанд ва бошандагони он ҳамагӣ аз як аз ҳоҷатхона ва ошпазхона истифода мебурданд.

Норкобил, як ҷавони 34-солаи узбак аст, ки аз вилояти Сурхандарё ба Маскав омадаст. Ӯ ҳоло дар пойтахти Русия дарбон аст ва мегӯяд пайдо кардани кор дар Узбакистон осон нест. Моҳонаи Норқобил 10 ҳазор рубли русӣ аст, ки 500 рубли он барои иҷораи хона сарф мешавад. Ахиран бо баҳони таъмири хона аз маоши ӯ ҳазор рубли дигарро кам кардаанд.

Ба навиштаи рӯзнома, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони Осиё Марказӣ 49 дарсади маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва 13 дарсади маҷмаи маҳсулоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Муҳоҷирони корӣ дар Русия бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд. Моҳи ноябри соли гузашта ба дунболи ҳукми ду халабони як ширкати русӣ дар як додгоҳи Тоҷикистон, мақомоти Русия садҳо муҳоҷири кории тоҷикро дастгир ва даҳҳо тани дигарро ихроҷ карданд.

Сарпизишки санитарии ин кишвар Геннадий Онишенко он замон муҳоҷирони кории тоҷикро сарчашмаи бемориҳои сироятӣ дар ин кишвар хонда, гуфта буд, ки вуруди тоҷикҳо ба Русия бояд пешгирӣ шавад. Ҳамзамон мақомоти ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия муттаҳам мекунанд. “Онҳоро мехаранд ва чун ғулом истифода мебаранд”, мегӯяд яке аз фаъолони Светлая Русь", онҳо тоҷиконро истихдом мекунад ва ба онҳо маблағи ночиз дода ва боқиро дар ҷайби худ мезананд.

Игор Мангушев бовар надорад, ки мақомот барои ислоҳи вазъ иқдом кунад. "Як дафъа мо ба назди муҳоҷирони ғайриқонуние рафтем, ки дар зерзаминии яке аз пулисхонаҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Як гурӯҳи ҷавононро онҷо пайдо кардем, ки дар дафтари пардохти онҳо номгӯи масорифашон дарҷ шуда буд, ки пардохт ё ришва ба кормандони пулис низ аз ҷумлаи ин пардохти гарон мебошад."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi