С. ДЕВОНАЕВ: «СУХАНОНИ Г. ОНИШЕНКО АСОСИ ВОҚЕӢ НАДОРАНД»
15 ноябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон вобаста ба рӯйдодҳои охирин дар Федератсияи Русия нишасти матбуотӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти маҳоҷират Сафиалло Девонаев аҳли нишастро бо фаъолияти мақомот мухтасаран шинос намуда, роҷеъ ба вокуниши ВАО нисбати муҳоҷирати меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд, маълумоти муфассал дод. Ӯ қайд намуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии он дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони кишварамон телефонии боварӣ ташкил карда шудааст, ки шабонарӯзӣ кор мекунад. Шаҳрвандони кишвар тариқи ин телефон метавонанд вобаста ба мушкилоти худ аз мутахассисони соҳа маълумоту маслиҳатҳои зарурӣ гиранд.
Ҳамчунин, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ситоди доимӣ таҳти роҳбарии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ташкил карда шудааст, ки ба он роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва дигар шахсони мақомоти расмии Тоҷикистон шомиланд. Ситод фаъолияти худро тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон ба суоли он, ки Г. Онищенко –сардухтури хадамоти санитарӣ-эпидемологии Федератсияи Русия эълон дошт, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик манбаи барангезандаи бемориҳои вазнини сирояткунанда, аз қабили наросоии масъулияти бадан, сил ва обилафаранг (сифилис) ҳастанд, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати мамлакат изҳор доштанд, ин суханонии Г. Онишенко асоси воқеӣ надоранд. Зеро ҳамаи муҳоҷирон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузашта, баъдан озими сафар мешаванд.
Рӯзноманигорон ба саволҳои худ дар мавриди тақдири муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни ҳол дар муассисаҳои нигоҳдории махсуси ФР қарор доранд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирон дар маҷмӯъ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки вазъияти имрӯза оид ба буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия пурра зери назорати мақомоти расмии мамлакат буда, дар якҷоягӣ бо Намояндагии Хадамот дар Федератсияи Россия барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷорӣ тамоми чораҳои лозимаро меандешад.
Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»