03:04:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ЛЁТЧИКИ МАҲБУС ВА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ҚАРТАИ ОДДӢ ДАР БОЗИҲОИ СИЁСИИ РОССИЯ МЕБОШАНД

Баҳси оддии додгоҳӣ нисбати ду лётчик, ки  гуноҳашон пурра собит шуд, аз ҷониби мақомоти расмию ғайридавлатӣ, доираҳои сиёсӣ, ва ВАО-и Федератсияи Россия то ҳадди таҷдиди назар дар муносибатҳои дуҷонибаи ин кишвар бо Тоҷикистон бароварда шуд.

/images/stories/2011/11/15_letchiki-rus-taj.jpgҲатто Президенти ин кишвар дар бораи қабули тасмимоти «симметрию ассиметри»-аш дар муқобили Тоҷикистон таҳдид намуд ва сареъан ба таъқибу боздошти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди  РФ дасти фотиҳа бардошт. Дар шикори муҳоҷирини тоҷик якҷоя бо кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират, намояндагони гурӯҳу ҳаракатҳои миллатгарои рус низ ҷалб гардиданд. Ҳамакнун беш аз 300 нафар муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мунтазир ҳукми додгоҳ оид ба берункуниашон аз хоки Россия мебошанд.

Албатта, чунин самтгирии муносибатҳо ба фоидаи ягон тарафе нест ва мушкилӣ бар вазъи иқтисодии оилаҳои муҳоҷирини депортшуда афзунтар хоҳад шуд. Лекин, муҳимаш ҳодисаи мазкур чашми моро нисбати муносиботи аслии Россия нисбати Тоҷикистон боз намуд. Бархӯрд ва пазириши як мурофиаи оддии додгоҳӣ нишон дод, ки Россия танҳо дар гуфтор худро шарики стратегӣ медонад ва равобити дуҷониба бо Тоҷикистон барояш арзише надоранд.

Аслан мо бояд хеле барвақттар ба равобити хеш бо Россия аз назари дигар менигаристем. Зеро воқеаҳои ба сари Ироқ, Миср, Сурия, Яман, Либия ва ғайра омад, собит карда буданд, ки муносибатҳои Россия ҳеҷ гоҳ самимона набудаанд ва русҳо ҳама вақт омодаанд, ки кишвари дӯсти худро қурбони манфиатҳои худу дигарон кунанд.

Бо гурҷиҳо чӣ карданд? Ин кишварро ба қисматҳо ҷудо намуданд. Ҳамлаи истилогаронаро ба хокаш анҷом доданд. Шикор намуда, аз хоки Россия берун карданд. Фикр мекарданд, ки агар гурҷиҳоро аз Россия берун кунанд, Гурҷистон аз гуруснагӣ мемирад. Вале хаёлашон хом баромад. Имрӯз гурҷиҳое, ки бо аҳли ҷиноӣ, дуздони «қонунӣ»-и хеш ном бароварда буданд, дар Гурҷистоне зиндагӣ доранд, ки волоияти қонун, оромӣ, серию пурӣ ҳукмфармост ва ҷиноёти маъмулию хосе барои ин мардум аз қабили ришваситонӣ, рибохӯрӣ ва ғайра амалан решакан шудаанд.

Иқдомоти алайҳи ин кишвар пешгирифтаи Россия, баръакс ба манфиати гурҷиҳо тамом шуданд. Санитари рақами 1-и Россия Онишенкои иғвогар оби дар ҷаҳон маъруфи гурҷиҳо «Боржомӣ»-ро барои ошомидан хатарноку заҳролуд ва воридоташро ба Россия мамнӯъ эълон кард. Паёмадаш чӣ буд? Ин об бозори наву даромадноктарро дар дигар кишварҳо пайдо кард.

Имрӯз ҳукуматдорони Россия чунин шакли муносибатро нисбати тоҷикон пеш гирифтанд. Ҳамин Онишенко соле пеш воридоти меваҷоти тару хушк ва сабзавотро аз Тоҷикистон ба Россия манъ кард, вале мо онро ҷиддӣ ба назар нагирифтем. ӯ ҳатто дар зираи тоҷикӣ унсурҳои маводи мухаддираро «ошкор» карду роҳи даровардани онро ба Россия баст, мо бошем муносибатҳои дуҷониба дучори халал нашаванд гуфта хомӯш истодем.

Ҳамаи ин репетитсия барои қадамҳое будааст, ки имрӯз Россия дар муносибаташ бо Тоҷикистон гузошт. Агар чунин намебуд, Президенти давлате, ки худро абарқудрат медонад, ҳаргиз ба чунин кӯтоҳандешӣ роҳ намедод. Нисбати лётчики рус ҳарчанд ҳукми додгоҳ эълон шудааст, тақдири парванда то нуқтаи ниҳоӣ нарасидааст ва онро метавон дар доираи қонун бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кард.

Вале иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти Россия далолат аз он медиҳад, ки парвандаи лётчик барояшон танҳо баҳонаесту халос. Агар чунин намебуд Димитрий Медведев тасмимоти «ассиметри»-и худро фавран  оғоз накарда, интиҳои мурофиаи додгоҳиро интизор мешуд. Ва ин тасмимот нисбати кишваре сурат гирифтааст, ки аз Иттиҳоди шӯравии абарқудрат ба ҷуз ҷабру ҷафо мероси дигаре нагирифта, бо вуҷуди ин самимияти дӯстонаашро нисбати Россия ҳамеша нигаҳ доштааст.

Ҳақиқати матраҳ он аст, ки чораҳои «ассиметри»-и Россия ҳамеша танҳо бар зиёни худаш ва кишвару ашхосе анҷом гирифтаанд, ки дӯстию самимиятро аз бародарони рус интизор шудаанд. Онҳо бо Украина чӣ карданд? Азобу уқубати фишори онҳоро имрӯз як зани муштипар (Юлия Тимошенко) дар зиндон мекашад, ки бо зӯрӣ маҷбураш карданд чанд созишномаеро ба нафъи Россия ва зарари Украина имзо кунад. Белоруссия мехост бо онҳо давлати ягона бисозад, натиҷааш чӣ шуд? Фиребу найрангҳои сиёсатмадорони русро саривақт дарк карду худро аз онҳо канор кашид.

Бозиҳои Россия дар гирди Эрон ба ҳамагон маълуманд. Хусусан дар самти қабули таҳримот нисбати ин кишвар. Сараввал худро дӯсти мушфиқу ғамхори ин кишвар нишон доданду пасон ба тарафдории таҳримот овоз доданд. Фикр мекунам он соате низ дер нест, ки Эрони «дӯст»-ашонро мӯҷиби зарбаю ҳамлаҳои ҳавоии рақибони ин кишвар мегардонанд.

Мо дар доираи ИДМ, СҲШ, СПАД, созмони ҳамкории иқтисодии  АвруОсиё ва чандин созмонҳои дигар даҳҳо созишномаю шартномаҳо дорем, ки дар ҳамаи онҳо сухан аз таъмини амнияти дастиҷамъӣ, муборизаи якҷоя бар зидди ҷинояткорӣ меравад. Агар вокуниши бародарони ҳамкори русии мо ба ҳукми додгоҳие, ки мувофиқи қонун амалӣ шудааст ба чунин навъ бошад, пас чӣ гуна метавон аз амнияти дастиҷамъӣ сухан кард?

Теъдоди калони афсарону сарбозони рус дар Тоҷикистон хизмат мекунанд ва аксари онҳо дилбастагии беандоза ба истеъмоли шароб дошта, дар ҳолатҳои мастӣ ба ҷанҷолу хархаша, авбошию бадахлоқӣ роҳ медиҳанд. Пас агар фардо нисбати чунин афсар ё сарбози рус иқдоми қонуние пеш гирифта шавад магар Россия пойгоҳи 201-умашро зидди Тоҷикистони мустақил бармехезонад? Кӣ ба онҳо чунин рухсатеро додаст?

Ҳукумати Тоҷикистон аз чунин навъи муносибат бояд хулоса барорад. Аз андешаи боло бармеояд, ки ин пойгоҳи мусаллаҳ на кафолати амният, балки кафолати хавфу хатар барои мустақилияти Тоҷикистон аст! Онҳо ҳар лаҳза метавонанд, ки мили силоҳи худро ҷониби Тоҷикистон гардонанд! Пас буду боши онҳо дар хоки Тоҷикистон барои мо чӣ аҳамият дорад?

НАТО барои он мамолике, ки иҷозати мустақар намудани қувваҳояшонро дар хоки худ иҷозат додаст, миллиардҳо доллар иҷорапулӣ медиҳад. Низомиёни  онҳо қонунҳои ҷории ин мамлакатҳоро бечунучаро иҷро мекунанд. Онҳо пул дода ба қадри пулашон мерасанд.

Қаблан ҳар гоҳе, ки Ҷумҳурии Узбекистон дар имзои созишномаҳои гуногун дар доираи ИДМ, СҲШ, СПАД ва ғайра саркашӣ мекард,  раҳбарияти ин кишварро маҳкум мекардам, ки муқобили манфиати иттиҳод мавқеъ гирифтааст. Ҳоло дарк кардам, ки онҳо кайҳо қадри «дӯстӣ»-и Россияро муайян карда будаанд ва ҳеҷ гоҳ тибқи нишондоду масиҳати онҳо амал намекунанд. Ҳамин соли гузашта буд, ки додгоҳи Узбекистон полковники рус Юрий Корепановро бо ҷосусӣ муттаҳам ва  зиндонӣ кард. Россия хомӯш буд. Зеро Узбекистон сири муносиботи наздику дӯстонаро ба Россия пай мебурдааст! Гузашта аз ин, Узбекистон ҳамеша ба таҳдиду фишорҳои Россия бо туф ҷавоб мегардонад!

Чаро Россия дар муқобили ИМА хомӯш аст? Амрикоиҳо шаҳрванди рус - Виктор Бутро дар Бангкок дастгир карданду ӯро барои фурӯши аслиҳа дар дигар кишварҳо, на дар ҳудуди ИМА, муттаҳам намуда, дар Амрико ҳабс кардаанд. Чаро Россия тасмимоти «ассиметри» пеш намегирад? Метарсад? Мабодо дигар сирҳояш фош мегарданд? Фарқ байни лётчик Садовничий ва Бут дар чист? Ҳар ду дар хизмати як хоҷаанд, ки аслияташ пинҳон аст.

Фарқият танҳо дар он аст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон аз эълони фаъолияти аслии самолётҳои боздошташуда (таҳвилу фурӯши аслиҳа ва маводи мухаддир) истиҳола карданд. Боз ҳам ба хотири нигаҳ доштани равобити боқимонда. Дар бораи муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар дигар ҳоҷати сухан нест, чунки тарафи Россия ба он хати батлон кашид ва ба даст овардани эътимоди тоҷикон баъди чунин муносибат дигар гумон аст. 

Дуруст ё иштибоҳ будани ҳукми додгоҳро дар қазияи лётчикҳо мутахассисони соҳаи ҳуқуқ муайян хоҳанд кард. Муҳимаш дақиқ шуд, ки Россия то кадом андоза мехоҳад муносибатҳои «бародарона» ва байналмилаиашро бо Тоҷикистон равнақ бахшад.

Аз ҷониби дигар ин қазия барои таҳкими Ваҳдати миллии тоҷикон хизмат асарбахше хоҳад кард. Хурсандиовар аст, ки  тамоми ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон якдилона иқдомоти Ҳукумати Россияро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ маҳкум намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд барои бунёди иншоотҳои бузурги тақдирсоз аз қабили Роғун кӯшиш намояд, ҷойҳои нави кориро созмон диҳад ва дигар ба кӯмаки чунин шарикони дурӯғине амсоли Россия умед набандад.

Бале, имрӯз Россия омили муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун нуқтаи заъф дар сиёсати берунааш бо Тоҷикистон истифода мебарад. Вале ғофил аст, ки чунин муносибат метавонад бар зиёни худаш самт гирад. Муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо дар Россия сабақи шоистае аз ин дарс хоҳанд бардошт ва эҳтимолияти ба сарашон омадани чунин тақдирро андеша карда, ҳатман барои ҳимояи хеш роҳҳои мувофиқро хоҳанд ҷуст.

Ҳама огаҳанд, ки дар муносибатҳои Олмону Туркия чи қадар ангезаҳои манфӣ ҷой доштанд, вале масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ягон дафъа ба майдони сиёсат кашида нашуд. Чун Россияи ба ном шарики стратегии Тоҷикистон чунин иқдомеро пеш гирифт, бигузор саду дусад не, ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатиро депорт кунад. Боке нест. Аз гуруснагӣ ҳеҷ кас намемурад. Дар Афғонистон беш аз 30 сол аст, ки ҷанг идома дорад, вале касе аз гуруснагӣ намурдааст.

Баръакс, дар ҳудуди Россия садҳо ҳазор майзадаву бомжҳо дар таҳхона ва кӯчаҳо зиндагӣ дошта аз хунукию гуруснагӣ мурда истодаанд. Дар миёни мардуми рус сагу пишак аз ин ҳаммиллатони тиннати инсониашонро гумкарда манзалату муҳаббати бештареро соҳибанд. Ва он, ки Россия ба шаҳрванди «бечораю маҳбусаш» Садовничий ин қадар «ғамхорона» таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, бозии ғализи сиёсатолудае беш нест.

Тӯли 8 моҳ, не Сафорати Россия дар Тоҷикистон, не ширкати номаълуму бесоҳиби кортаъминкунанда парвои ин лётчикро надоштанд. Имрӯз, ки маъракаи интихоботӣ дар Россия наздик омадааст ва ҳамчунон Россияро тақдири  ояндаи пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон безобита кардааст, қартаи лётчики қонуншикан болои мизи бозӣ партофта шуд. Вале сухани охирин боз ҳам дар дасти Тоҷикистон аст.

Сафаров Рустам, ҷомеашинос



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi