11:28:46 01-уми Июли 2025 сол

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ЧӢ КОР КАРД ВА ЧӢ БОЯД КУНАД?

Мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев

- Қабл аз таъсиси Хадамоти муҳоҷират, матбуот-журналистон зиёд гуфтанд, ки барои танзими ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик вазорат ё ҳадди ақал, кумитае таъсис додан лозим аст. Чаро хадамот таъсис ёфт?

/images/stories/2011/10/03_safialloh-devonaev_2011.jpg-Баъди омӯзиши ин масъала аз тарафи мутахассисони соҳа фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011 таҳти №1014 «Дар бораи таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардид. Бо қарори ҳукумати кишвар аз 30 апрели соли 2011 таҳти №229 «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои системаи он ташкил карда шуд.

Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (САҲД), Кумитаи иҷроияи иттиҳоди Аврупою Осиё, Бонки умумиҷаҳонӣ, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва ғайраҳо пазируфта шуд.

-Хадамот ташкил шуд. Вазифаи асосии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

-Вазифаҳои асосии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

- ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;

- ташкил намудани таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ;

- бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- ташкил намудани робитаҳои зич бо ҳамватанони бурунмарзӣ;

- танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро равона менамояд.

Доир ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳиссагузор бошанд. Танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳамаи ташкилоти номбурда вобастагӣ дорад.

-Интизори мардум аз таъсиси ин ниҳод хеле зиёд буд. Имрӯз воқеъият ранги дигар гирифтааст. Вазъи муҳоҷирон тағйир наёфтааст, балки рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Ба назаратон чаро чунин аст?

-Тавре дар боло зикр кардем, масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаи нав набуда, то замони таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала аввал вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷимоии аҳолӣ, баъдан вазорати корҳои дохилӣ машғул буданд.

Душвориҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, мушкилоти имрӯза нест. Бо таъсиси Хадамоти муҳоҷират, ки фаъолияти худро пас аз ҳалли масъалаҳои ташкилӣ аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз намуд, тамоми он мушкилотеро, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар доранд, яку якбора бартараф кардан ғайриимкон аст.

Новобаста аз ин Хадамоти муҳоҷират дар муддати кӯтоҳ як қатор корҳоро ба анҷом расонид:

- оид ба масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл» таҳия гардида, дар мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад;

- бо ташаббуси бевоситаи Хадамоти муҳоҷират ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва монеаҳои ҷойдоштани лоиҳаи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар давраи солҳои 2011-2015» таҳия ва барои баррасӣ ва  барои тасдиқ ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид;

- инчунин, дар ин давра якчанд лоиҳаи Созишномаҳо, аз ҷумла, бо ҷумҳуриҳои Белорусия, Кореяи Ҷанубӣ, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ давлати Қатар ва давлати Кувейт таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа карда шуд ва расман ба давлатҳои номбурда пешниҳод гардид.

Бо мақсади беҳтар гардидани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, Хадамоти муҳоҷират рӯзҳои 16 ва 19 сентябри соли ҷорӣ чорабиниҳои ниҳоят муҳимро бо иштироки сафаротхонаҳои дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор кард. Дар чорабиниҳои мазкур Хадамоти муҳоҷират иштирокчиёнро бо мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ шинос намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Аз ҷумла, яке аз роҳҳои расман бо кор таъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петурбург ва вилояти Ленингради Россия ҳалли худро пайдо кард. Бо ин мақсад Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷират бо Корхонаи воҳиди давлатии Федералии «Маркази ягонаи муҳоҷират»-и шаҳри Санкт-Петурбург ва вилояти Ленингради Россия шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Тибқи шартнома, тарафи қабулкунанда ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасониро оид ба пешвозгирӣ дар фурудгоҳ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти корӣ дар шаҳри Санкт-Петурбург ва вилояти Ленингради Федератсияи Россия ва таъмин бо ҷойи зист ва ҳатман расонидани ёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.

Баъзе расонаҳои хабарӣ маълумот медиҳанд, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ бадтар шудааст, лекин тибқи ахбороти Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Россия, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Федералии Россия тасдиқ мегарданд, соли 2011 дар марказҳои нигоҳдории шаҳрвандони Федератсияи Россия 76 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, ҳол он ки миқдори онҳо дар давоми соли 2010 зиёда аз 400 нафарро ташкил медод. Далелҳои овардашуда тасдиқи он мебошад, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар Русия бо мақсади ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти худро беҳтар намуданд.

-Барои мисол, дар 6 моҳи ахир қариб 400 тобути муҳоҷирони тоҷикро аз Руссия овардаанд, ки аз ин теъдод 51 нафарашон кушта шудаанд. Ба назаратон ин мушкилро кӣ бояд ҳал кунад?

-Албатта, боиси таассуф аст, ки ҳолатҳои кушта шудани ҳамватанони мо аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро (скинхедҳо) дар Россия ҷой дорад ва мо рафти содиршавии ҷиноятҳои номбурдаро зери назорати қатъӣ гирифтаем. Мақсад дорем, то дар оянда тавассути васоити ахбори омма корҳои дар ин самт ба анҷомрасонидаи Хадамотро инъикос кунем. Ҳамчунин имкон дорем, ки дар мувофиқа бо шумо дар сомонаи «Рӯзгор», гӯшаи бо номи «Раванди муҳоҷират» ташкил намоем.

Аз тарафи дигар, дар аксар мавридҳо ҳамватанонамон аз дасти якдигар ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои нангини фоҷиабор корҳои иттилоотӣ ва маслиҳатдиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ вусъат додан зарур аст.

Тавре маълум аст, раванди муҳоҷирати Тоҷикистон ба хориҷа, аз он ҷумла ба Россия ин муваққатию мавсимӣ мебошад. Яъне, муҳоҷирони тоҷик дар фасли баҳору тобистон, дар Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва фасли тирамоҳу замистон ба ватан бар мегарданд. Хуб мебуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ташаббусу роҳбарии мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ё бе восита ташкил намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шавад.

Мо бисёр факту далелҳо дорем шаҳрвандони мо дар Россия, ки аз як ноҳия ва аз як деҳаанд, бениҳоят байни якдигар муноқишаҳо доранд. Дар пайи дастгирии ҳамдиёрони худ нестанд ва дар бисёр мавридҳо бо ҳамдигар зиддият доранд, ки ин ба ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳои вазнин оварда мерасонад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 405 нафар шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар вафот карданд.

Вазъи имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанони мо вазифадор месозад, ки Хадамоти муҳоҷиратро дар самти иттилоотӣ ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба интихоби минтақа ва кори муносиб фаъолияташро пурзӯр намояд.

-Барои мисол, то ҳол дақиқ набудани шумораи муҳоҷиронро бозгӯ аз фаъолияти Хадамот медонанд. Хадамот то куҷо тавонистааст, ки аз ӯҳдаи контроли муҳоҷирон барояд? Дарвоқеъ, теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Руссия ва дар умум чанд аст? Теъдоди муҳоҷиронро чӣ гуна мушаххас карда мешавад?

-Дар Хадамоти муҳоҷират шумораи дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа сафар менамоянд, вуҷуд дорад. Тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти №378 «Дар бораи варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар намудан ба хориҷа варақаҳои бақайдгирии муҳоҷиратиро пур менамоянд. Дар асоси варақаҳои мазкур дар 8 моҳи соли 2011 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 465 838 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ сафари корӣ намудаанд, аз ҷумла, мардҳо 412 338 нафар ва занҳо 53 500 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ, бо тайёра 397 564 нафар, бо қатора 66 927 нафар, бо роҳи автомобилӣ 1374 нафар ба хориҷа сафар кардаанд

Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа сафар менамоянд, 53% ҷавонон аз синни 18 то 30 сола ва 76 фисад аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони деҳот ташкил медиҳанд. Қисми зиёди муҳоҷирони ҷавон барои сафар намудан ба хориҷа омода нестанд, зеро онҳо касбу ихтисоси муаяйн надошта, доир ба қонунгузории кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон, маълумоти кофӣ надоранд ва забони он кишварро намедонанд. Аз ин сабаб, чунин муҳоҷирони ҷавон ба мушкилиҳои ғайричашмдошт дучор мегарданд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ падару модарон барои омодагии фарзандони худ ба сафари кории хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ намеандешанд ва ҳамаи норасоиҳоро танҳо ба Хадамоти муҳоҷират нисбат медиҳанд?

Доир ба масъалаи мазкур таҷрибаи давлати Филиппинро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ метавон мисол овард, ки таҷрибаи зиёда аз 100-соларо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ дорад. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии давлати Филиппин дар хориҷа 10 млн. нафарро ташкил медиҳад (ин 12 % аз шумораи умумии аҳолӣ) ва ҳамзамон ҳар сол аз ин кишвар ба хориҷа 1 млн. муҳоҷири меҳнатӣ ба мақсади кор тавассути Агентиҳои хусусии шуғл сафарбар карда мешаванд. Филиппин дар солҳои 60-70-уми асри гузашта мисли Тоҷикистон доир ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ буд. Пас аз таҳлили ин мушкилиҳо ҳукумати Филиппин ба мақомоти дахлдори давлатӣ бо мақсади фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбҳои зарурӣ, ки дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ талабот доранд, низоми касбомӯзиро куллан тағйир дод.

Айни замон давлати Филиппин базаи мустаҳками моддию техникиро оид ба омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатӣ бунёд кардааст ва ҳар сол дар системаи омӯзиши касбии ин кишвар зиёда аз 1 млн. 300 ҳазор шаҳрвандони Филиппин, Индонезия, Тайланд ва дигар мамлакатҳои ҳамсарҳад омӯзонида мешаванд. Вобаста ба ҳалли чунин масъала, ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии Филиппин ба ватанашон 17 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин таҷрибаи пешқадами давлати Филиппин Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд истифода барад ва нисбат ба пурзӯр намудани базаи моддию техникии системаи касбомӯзӣ муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

-Замоне, ки мо бо сардори Хадамот сӯҳбат доштем аз Кореяи Ҷанубӣ телефонӣ занг зада шуд. Рустам Бобоев сардори як ҷамъияти тоҷикон аз Куриёи Ҷанубӣ занг зад. Ба гуфтаи Бобоев, Куриё аз ҷиҳати иқтисодӣ кишвари тараққикарда мебошад. «Мо ҳар се-чор моҳ бо тоҷикони дар Куриё буда ҷаласа мегузаронем. Ҷамъияти мо «Ҷамъияти Куриёи Ҷанубӣ» ном дорад. Ин ҷамъият иборат аз 41 нафар мебошад. Мо 8-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тегуи Куриё бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди ҷумҳурӣ вохӯрӣ менамоем. Донишҷӯён имрӯз дар Куриёи Ҷанубӣ дар соҳаҳои муҳимме, ки ҷумҳурии мо талаб дорад, таҳсил карда истодаанд. Яъне дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия, иқтисодиёти байналмилалӣ, савдо, забономӯзӣ ва ғайра таҳсил карда истодаанд»,-афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол оё баҳона кардан, ки ин муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ сафар кардаанд, то кадом андоза дуруст аст? Модоме инҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, кӣ бояд дар Русия ё давлатҳоии дигар ҳуқуқӣ онҳоро дифоъ кунад?

-Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаҳои байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ба кор таъминкунанда, муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷиратро риоя намоянд. Яъне, вақте ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти корӣ ба хориҷа сафар менамояд бояд:

-ҳангоми пур кардани варақаи бақайдгирӣ мақсади сафар ва давлати ба кор таъминкунандаро нишон диҳад;

-дорои касбу ҳунарӣ муайян;

-забони давлатии кишвар ба кор таъминкунандаро донад;

-қонунҳои кишвари қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷират;

-ҷойи кори худ;

-урфу одат, маданияту фарҳанги давлати ба кор таъминкунандаро донад ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.

Ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои муҳочирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Россия ва сафаратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таъмин менамоянд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ