18:03:48 01-уми Июли 2025 сол

“МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК-МАЗЛУМОН ДАР РУСИЯ, Ё ФИШАНГИ СИЁСӢ АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН?”

Сайдалӣ, исми мустаъори як муҳоҷири корие аст, ки бо фаро расидани тирамоҳ ва сард шудани боду ҳаво тарки кор карда, аз Русия ба ватанаш-Тоҷикистон баргаштааст. Ӯ, ки оиладор ва соҳиби шаш фарзанд аст, ҳаштумин баҳору тобистони умрашро паёпай сарфи ҳиҷрат кардааст.

/images/stories/2011/09/15_migrant_15.9.2011.jpgСайидалӣ аз сарнавишти худ ба ман сӯҳбат кард: “Ҳамаи мушкилот аз фурӯдгоҳи Душнабе оғоз шуда дар фурӯдгоҳи Маскав, пойтахти Русия ин душвориҳо бештар мешаванд. Ва ҳамин тавр дар роҳи бозгашт аз Русия низ дар фурӯдгоҳҳои ҳар ду кишвар идома меёбанд. Дар Душанбе хуб аст, ки ҳадди ақал моро чун инсон мепиндоранд.”

Агарчи Сайидалӣ ба роҳатӣ аз саргузашти худ сӯҳбат мекунад, зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ҳангоми ҳикоят ғами зиёдеро дар қалбаш мехоҳад пинҳон бидорад.

“Аз “обезяник ё маймунхона” ҳазар кунед”

Вай меафзояд: “Аммо ҳамоно, ки қадам ба хоки Маскав ниҳодем, рисолати “инсон буданамон фаромӯш мешавад. Онҳо моро мисли ғуломе қабул карда ба ҳар баҳона пул мерӯёнанд ва моро таҳқир ва табъиз мекунанд. Ба сафоратхона, ё ягон мақоми дигари Тоҷикистон шикоят бурдан, ин танҳо сарфи беҳудаи вақт аст. Чунки аз ба дарозҳо кашида шудани посухи шикоятамон то ҷоест, ки ҳафтаҳо бояд мунтазир шавем. Вале тӯли ин вақт, аъзои хонаводаи мо дар Тоҷикистон аз мо маблағ барои гузарони рӯзгор интизоранд.”

Сайидалӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ҳамасола ба Русия меравад дар идомаи ҳикояти худ мегӯяд: “Ман ва чанде дигар аз афроди ошно бо ман ва ҳамсояҳоям дар ҳар куҷо ба қавле “шабаш” ё ки корҳои мавсимӣ мекунем. Дар Русия корфармоён кадом кореро, ки ба мо фармоянд, иҷро мекунем.”

Сайидалӣ гуфт, ки вай ва бисёре аз тоҷикон ҳамеша аз амнияти худ дар Русия нигарон ҳастанд. Вай афзуд: “Ҳам аз дасти пулис ранҷ мебинем ва ҳам аз дасти авбошони миллатгарои он кишвар дар ҳаросем. Ҳатто яке аз тоҷиконе, ки бо ман фаъолят мекард, соли гузашта бо дасти тоссарон ё скинхедҳо кушта шуд. Ҷанозаашро ба ватан фиристодему ба ҳамин касе пушти боздошти қотилаш нарафт. Ҳоло, ки бо пушти сар кардани вазъиятҳои сангин каме таҷриба ҳосил кардаам, бо баъзе кордиҳандагони Русия ошно шудам ва дар ҳолате зарурӣ, масалан ба дасти пулис афтодан, ё мавриди таъқиби авбошони рус қарор гирифтанам бо онҳо дар тамос мешавам ва ин афрод ба ман кӯмак мекунанд.”

Вале Сайидалӣ мегӯяд, ки дар чунин маврид ба изои “хидмат”и онҳо чанд рӯзе дар корҳои хоҷагидориашон ройгон кор мекунад. Аммо Сайидали аз сафарҳояш ба Русия ва муддати кор дар он кишвар натиҷагирӣ кардааст, ки “аз ҳама шахси боэътимод дар муҳоҷират барои ҳар фард худи ӯ будааст. Вай афзуд: “Вагарна ҳангоми зери лагади авбошон будан ва ё шаберо дар “обизяник” рӯз карданат на ҷамъиятҳои тоҷикон ба додат мерасад ва на сафорати кишвар, ё кадом як созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар туро наҷот медиҳад.”

Сайидалӣ ба ман тавзеҳ дод, ки “обизяник” ин боздоштгоҳи муваққатии пулис аст, ки бештар муҳоҷирон аз кишварҳои осиёиро ба он ҷо интиқол медиҳанд ва пулис ба ин хотир ба ин боздошгоҳ“обизяник”, ки маънии он аз русӣ “маймунхона” аст, ном ниҳодааст.

“Кош дар кишварам мемондам”

Сайидалӣ танҳо муҳоҷири кории тоҷик нест, ки чунин сарнавиштро ба ҳангоми сафар ба Русия ва зиндагӣ дар он кишвар озмоиш кардааст. Бисёре аз муҳоҷирон дар сӯҳбатҳои худ бо хабарнигорон аз тақдири талхи худ, ки ба сарнавишти Сайидалӣ шабоҳат дорад, шикоят мекунанд. Иддае аз ин муҳоҷирон розӣ ҳастанд, ки дар кишварашон фаъолият бикунанд, вале онҳо мегӯянд, ки агар ҷои корӣ доимӣ бо маъоши хуби моҳиёна пайдо кунанд, ҳеҷ ҷое намераванд ва дар Тоҷикистон хоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршабеи 14 сентябр дар шаҳри Кӯлоб дар толори меҳмонхонаи “Хатлон”-и ин шаҳр мизи гирде, ки дар он мушкилоти муҳҷоирон матраҳ мавзуъи баҳс қарор гирифт, доир шуд. Ин нишаст бо ибтикори шаҳрдории Кӯлоб ва намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии мавсум ба “Шаҳрванд” баргузор мешавад. Шиъори ин мизи гирд, “Нақши мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи муҳоҷирон” доир шуда ва ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ин замина дар меҳвари ин нишаст қарор дошт.

Зайнал Гаҷиев, раиси дафтари Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳии нишаст гуфт, ки муҳоҷиратро метавон назорат кард ва метавон ба ҳоли худ гузошт ва дид, ки ин омил чи паёмадҳоеро дар пай хоҳад дошт? Оқои Ганҷиев гуфт: “Аммо ба назари ман муҳим ин аст, ки раванди муҳоҷират ба як сохтори назоратшаванда табдил ёбад, то “таъмини амнияти муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ба осонӣ ба даст ояд.”

Раҳматалӣ Икромов, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш мегӯяд, ки бар асоси омори ин хадамот беш аз 330 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз кишвар ба сар мебаранд ва вай афзуд, ки ниҳоди онҳо мекӯшад, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунад.

“Қотилони муҳоҷирон киҳоянд?”

Ҳарчанд ин мақоми хадамоти муҳҷоират дар мавриди теъдоде аз муҳоҷироне, ки аз нақзи ҳуқуқшон дар Русия ва ё Тоҷикистон ба ниҳод муроҷеъа кардаанд, чизе нагуфт, аммо вай афзуд, ки масъулон омодаанд, ки ба муҳоҷирон машваратҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Бибихон Қандиева, роҳбари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Кӯлоб аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чи мақомоти расмӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муҳоҷират ба таври лозим ба мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ намекунанд.

Хонум Қандиева дар тақвияти ҳарфҳои худ гуфт: “Бубинед, ки имсол 309 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ба қатл расониданд. Аммо барои ошкор кардани афроди муттаҳам дар ин куштор расидагӣ анҷом нагирифтааст.”

Вай аз раҳбарияти кишварҳо даъват кард, ки ҳувияти афроди муқассир дар лату кӯб ва қатли муҳоҷиронро дар Русия ифшо кунанд ва ба муҷозот кашанд. Ба гуфтаи вай яке аз заминаҳои афзоиши мавориди қатли муҳоҷирон дар Русия бемуҷозот мондани афроди гунаҳкор дар ин ҷурм будааст. Гулчеҳра Муродова, корманди бахши муҳоҷирати ташкилоти “Шаҳрванд” бошад, аз шарту шароитҳои ҷадиди ҷониби Русия барои муҳоҷирони корӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Гулчеҳра бону мегӯяд: Ҷониби Русия меъёри ҳадди аксар (лимит) барои муҳоҷирон ҷорӣ кардааст ва метавонад ҳар замон ин меъёрро барои тоҷикон тағйир диҳад. Дар қадами баъдӣ мехоҳад, пазироии муҳоҷиронро дар он кишвар тавассути озмун яъне “тест” анҷом диҳанд. Ва яке аз талаботи асосӣ талаботи асосӣ ин озмун донистани забони русӣ, ва доштани як тахассус будааст. Пушти сар ардани ин меъёрҳо барои аксари муҳоҷирини тоҷик сангинанд”.

“Муҳоҷирон бозичаи дасти раҳбарон”

Аммо Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси мустақил ба ин назар аст, ки чун муҳоҷирати меҳнатии тоҷикистониён аслан ба Русия аст, мақомоти Русия аз муҳоҷират ва муҳоҷирон то андозае ба унвони абзори сиёсии худ алайҳи давлати Тоҷикистон истифода мекунанд.

Оқои Ҷумъаев афзуд: “Оғози сӯҳбатҳо миёни мақомоти Тоҷикистон ва Русия барои тамдиди боқӣ мондани пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли дигар дар ин кишвар барои ҷониби Русия осон буд, зеро дар он кишвар муҳоҷирони кории мо ҳастанд. Ва ҷониби Тоҷикистон медонад, ки ба таври иҷборӣ ба ватан фирситодани муҳоҷирон барои ин кишвар чи авоқиберо хоҳад дошт, ноҷор гузашт мекунанд."

Оқои Ҷумаъев ба ин бовар аст, ки “агар беш аз як миллион муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба ватан бозгардонанд, эҳтимоли онро дорад, ки Тоҷикистон ба бенизомии комил рӯбарӯ шавад.” Зеро вай афзуд, ки суде, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамасола ба иқтисоди Тоҷикистон ворид мекунанд "болиғ ба 60%-и маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ будааст.”

Ба андешаи оқои Ҷумъаев, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, кишварҳои олтернатифро барои интиқоли муҳоҷирони корӣ пайдо кунад ва ҳамзамон дар дохили кишвар бо таъсиси корхонаҳо ҷойҳои кории доимӣ ва бо маъоши хубтаре оҳиста оҳиста мардуми Тоҷикистонро бо ҷои корӣ таъмин кунад.

Аз сӯйи дигар, иддаи дигаре аз коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон низ то андозае диққати муҳоҷирони меҳнатии хориҷро ҷалб кардааст. Ба унвони мисол, муҳоҷирони меҳнатии афғон, ки бештар ба умури тиҷорат машғуланд ва сокинони Чин, ки ки дар иҷрои тарҳҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Дар мизи гирд дар шаҳри Кӯлоб масъулони Хадамоти муҳоҷират гуфтанд, ки дар ин шаҳр то ҳол 19 нафар аз муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла 10 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ва 6 нафар аз сокинони Чин барои нақзи қонун аз ҷумла худдорӣ аз сабти ном муҷозот шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ