09:09:18 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Қасди худкушии 8 муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон" дар Маскав

8 муҳоҷир аз Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Украина ба нишони эътироз ба шароити боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав қасди худкушӣ кардаанд.

zapretnaya-zona-1212.jpg8 муҳоҷири боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба нишони эътироз ба шароити ин “зиндони муҳоҷирон” қасди худкушӣ карда ва рагҳои дастони худро буридаанд.

Мақомоти интизомӣ ба хабаргузории “Москва” гуфтаанд, “захмҳои бардоштаи ин 8 нафар хатарнок набуд ва ба онҳо дар худи боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонда шуд.” Кумитаи тафтишоти Русия  ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ин қазияро таҳқиқ мекунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки аз ин 8 нафари ба нишони эътироз қасди худкушӣ кардан дар боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ дар пойтахти Русия, ки бо номи "зиндони муҳоҷирон" ҳам маъруф аст, чанд нафараш тоҷиконанд. Исми ин 8 нафар низ то ҳол эълон нашудааст.

Дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ садҳо нафар ва асосан бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия ваё убури ғайриқонунии марзи ин кишвар нигоҳ дошта мешаванд. Аксари ин боздоштшудаҳоро баъдан бо қарори додгоҳҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ мекунанд, вале баъзан ин муҳоҷирон ҳукми худро дар ин боздоштгоҳи орӣ аз шароити лозим то 7 моҳу 8 мунтазир мешаванд.

Ин дар ҳолест ки боздоштгоҳҳои муваққати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва дигар ниҳодҳои нозири муҳоҷирон дар ин кишвар барои нигоҳдории маҳбусон ба чунин мӯҳлати тӯлонӣ пешбинӣ нашудааст ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, муҳоҷирони боздоштшударо дар тӯли моҳҳо дар як шароити тоқатфарсо ва пур аз маҳрумият қарор медиҳад.

Мақомоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, боздоштгоҳҳои ин ниҳод дар чанд соли охир бунёд шуда, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои муосир ҳастанд ва барои боздоштудагон як шароити инсонӣ ва қобили қабулиро таъмин мекунад. Аммо буридани рагҳои даст ва он ҳам ба таври гурӯҳӣ аз сӯи маҳбусон маъмулан дар фарҳанги маҳбусон яке аз шаклҳои хеле баланди эътироз буда, ба маъноест, ки шароит дар он боздоштгоҳ ё зиндон ба як ҳадди ниҳоие тоқатфарсо шудааст.

Хабари қасди худкушии 8 муҳоҷир дар боздоштгоҳи Маскав дар ҳолест ки дар бораи шиканҷаи  муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳҳо ва шӯъбаҳои пулиси Русия ва ҳатто дар бораи маргҳои мармузи онҳо дар боздошт пайваста гузоришҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла танҳо дар 10 рӯзи моҳи декабри соли 2013 – аз 14 то 24 декабр – 3 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои шӯъбаҳои мухталифи пулиси Русия ҷон бохтанд.

Рӯзи 14 декабр як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон  дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард, вале ӯҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.

Як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон рӯзи 15 декабр дар шӯъбаи ҳафтуми пулиси шаҳри Воронежи Русия даргузашт. Cухангӯи пулиси шаҳри Воронеж гуфт, ин муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия боздошт шуда буд, вале ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. Бино бар ин манбаъ, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст.

Як муҳоҷири тоҷик рӯзи 24 декабр, баъди дувуним моҳи боздошт, дар боздоштгоҳи ноҳияи Петушинои вилояти Владимир шабона якбора ҳолаш бад шуд ва дар байни ҳамагӣ чанд сония даргузашт. Пулис мегӯяд, марги ин муҳоҷир чунон зуд рух дод, ки онҳо ҳатто фурсати даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ”-ро пайдо накарданд. Ташхиси тиббӣ иллати ирсии мағзи сари ин шаҳрванди Тоҷикистонро иллати марги ӯ дарёфта, дар баданаш ягон аломати шиканҷа пайдо накардааст. Ин муҳоҷири тоҷик танҳо бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат боздошт шуда буд.

Охирин мавриди расонаишудаи марги муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия қазияи Фаррух Урозов ном сокини 39-солаи ноҳияи Фархор аст, ки дар шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав дар як сохтмон кор мекард.

Фаррух рӯзи 17 сентябр бо гумони гӯё таҷовуз ба номуси духтари шашсолае боздошт шуда, ҳамон шаб дар шӯъбаи пулис бар асари шиканҷа ҷон бохт. Рӯзи 20 сентябр бо иттиҳоми шиканҷа ва куштори ӯ 3 афсари пулиси ин минтақаи вилояти Маскав - як майор, як лейтенанти калон ва як капитан – боздошт шуданд. Вале сабти шаби шиканҷаи муҳоҷири тоҷик аз ҳамаи камераҳои пулиси Солнечногорск “ногаҳон” ғайб зад ва бо вуҷуди гузашти инак, 5 моҳ, парвандаи ин афсарони пулис то ҳол ба додгоҳ нарафтааст.

Бародари ӯ Илҳом Алихонов ба расонаҳои Русия гуфтааст, ки ба чашми худ шоҳиди азияти ҷонкоҳи бародараш дар шӯъбаи пулис буд. Ба гуфтаи Илҳом, Фаррух, пеш аз марг, вақте бо дастони баста ва тани хунолуд рӯи фарш хобида буд, танҳо як ҷумла гуфтааст, ки “дигар тоқат карда наметавонам.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi