15:03:49 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дасти тоҷик гирифтан меҳвари андешаи ӯст

Талабшоҳи Салом, "Рӯзгор"

Шаҳри Волгоград, бозори "Титов". Ин бозор ба хотири он ки дар кӯчаи ба номи Герман Степанович Титов, генерал полковники авиатсия, дуввумин кайҳоннаварди машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, воқеъ шудааст ва инчунин бо назардошти хусусиёти забони русӣ ба бозори "Титова" маъруф аст. Аслан, фазои бозор новобаста дар кадом кишвар буданаш ба ҳама маълум аст.

1 migrants 355445Ба ибораи дигар ин коргоҳ ҳеҷ гоҳ ором несту маҳз набзи ҷомеа дар бозор эҳсос мешавад. Оре, гумон меравад, ҳаёти ношӣ аз ҷӯшу хурӯш танҳо дар бозор аст. Он рӯз бозори "Титова" низ орӣ аз хусусиёти хоси дигар бозорҳо набуд. Рафту омади одамон, ғалоғулаи муштариёну савдогарон, таблиғи молу матоъ ва анвоъи гуногуни ғизо, ба назар мерасид, ки ҳар як раҳгузарро ба худ ҷалб менамояд, аммо воқеият чунин набуд, балки ҳар касе танҳо ҷӯёи колои мавриди ниёзаш даруни бозор гашт мекард…

Яқин буд, ҳар касе, ки бозор рафтааст, чизеро меҷуст ва ё ба дигар таъбири дигар ниёзи мухталифи афрод онҳоро ба бозор бурда бурд. Маро низ ниёзе он ҷо бурда буд, аммо чизе, ки ман меҷустам, хилофи қавоиди бозор он ҷо фурӯхта намешуд, фурӯхтани он ҷинояти маҳз аст, вале эҳтимоли пайдо кардани эҳтиёҷотам вуҷуд дошт.

Шояд бо хондани сутури боло дар зеҳни хонанда ин суол ба ҷилва дарояд, ки роқим чӣ меҷуста? Пас, бояд ӯ бидонад, ки банда муҳоҷир меҷустам, муҳоҷири тоҷике, ки баҳри луқмаи ноне бистари нарму кулбаи гарм тарк карда, саҳрое, саройе, "хаскаппа"-ву таҳхонаеро дар мулки рус ҷойи зист интихоб намудааст. Бинобар ин ҳар як сарсиёҳе медидем, илоҷ меҷустам, то бидонам, ки ӯ куҷоисту зодаи кадом миллате. Чун наздаш ист мекардам ба хотири шинохт, дармеёфтам, ки ё озарист ва ё ӯзбак…

Дар чунин ҳол, ҳолате ки ҳаёлам ба мағшушӣ расида буд, овои дилкаши Аҳмад Зоҳир бо вуҷуди шӯру мағали бозор ба гӯш расид, ки мегуфт:

Кистам ман - раҳнавард, овораву девонае,

Доғи Маҷнунам зи дасти бекасӣ афсонае…

 Ин садои занги телефон буд, ки бо баланд шудани он дарк кардам, мани муштоқи ҳамватане ба ёди касе уфтодам. Вуҷудамро эҳсоси шодӣ фаро гирифт, зеро воқеан, "…зи дасти бекасӣ.." ба молу матоъи бозор аҳамият зоҳир намекардам, танҳо хаёли дарёфти ҳамватанро дар гӯшаи хотир мепарвардам. Чашм ба телефон духтам: рақам ношинос буд, аммо вақте гӯширо бардоштам, овои шинос "алло" гуфт. Ӯ Офарин ном духтари тоҷике аз масъулини Ҷамъияти тоҷикони Волгоград буд, ки бо ман тамос гирифтан мехостааст. Хоҳар Офарин хабари хуше бароям расонд. Ӯ гуфт, "акои Нусратулло дар идораи мо мунтазири туст". Гуфтам: чӣ иттифоқи хубе…

Бале, акои Нусратулло. Нусратулло Исматове, ки ният доштам, ҳатман бо ӯ дидор бубинам. Пас аз ин иттифоқ хушнуд шудаму шитофтам сӯйи мақари ҷамъият. Чун вориди утоқ шудам, марди миёнсоли худқаду қомате нишаста буд. Бо дидани банда аз курсӣ боло шуду даст дода, вохӯрдӣ кардем ва худро муаррифӣ кард: Нусратулло Исматов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар округи ҷанубии Федератсияи Русия.

Пайроҳаи зиндагӣ

Албатта, барои хонандаи мо маълум шуд, ки Нусратулло Исматов чӣ масъулияте дошта. Аммо фикр мекунам, ин ҷо зарур дорем, то ҷиҳати пайроҳаи зиндагии ин марди шариф, ки бардоштҳои худро аз суҳбат ва ҳамроҳӣ бо ӯ поёнтар хоҳем гуфт, тамаркуз намоем.

Исматов Нусратулло Ҳукматович 5 октябри соли 1962 дар деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушода, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Чун ҳанӯз айёми туфулият аз модар ятим монда буд, бо ихтитоми мактаби миёна қиблагоҳаш хост варо оиладор намояд. Аммо Исмати ҳанӯз ҷавон инро намехост, балки дигар афкору орзу дар сараш чарх мезаданд.

Бинобар ин хидмати ҳарбиро ихтиёр кард, ҳарчанд имкон дошт, ҳадди ақал то соли оянда ба хидмат сафарбар нашавад, вале ихтиёран рафтан ба хидмати ҳарбиро интихоб намуд. Баъди бозгашт аз хидмат қадре дар коргоҳи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, бо маслиҳати масъулини пулиси шаҳри Кӯлоб шомили Мактаби Олии муфаттишии шаҳри Волгоград шуд.

Пас аз хатми Мактаби Олии муфаттишии шаҳри Волгоград фаъолияти кориашро аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оғоз намуда, то соли 2002 он ҷо машғули омода намудани мутаххассисон буд. Соли 2002 бошад, Нусратулло Исматов ба нафақа баромад, вале соли 2005 ба ҳайси намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуда, муддати ду сол дар ин симмат фаъолият кард. Соли 2007 бошад, роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии Ҳимоияи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷиро ба уҳда гирифта, то соли 2011 ин ташкилотро уҳда кард. Кунун масъулиятеро ба уҳда дорад, ки дар боло гуфтем - намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар округи ҷанубии Федератсияи Русия.

Ногуфта намонад, ки Нусратулло Исматов зимни таҳсил дар донишгоҳи номбурда бо яке аз ҳамкурсонаш Татяна Ивановна аҳд баста, оиладор мешаванд. Феълан Татяна Иванонва Исматова рутбаи полковникӣ дошта, дар мақомоти пулис фаъолият карда истодааст. Темур Исматов, ягона фарзанди эшон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов мебошад. Ин оилаи хушбахт маскуни шаҳри Волгоград аст.

Суҳбати тоҷикона

Таври маълум, пеш аз он ки бо касе аввалин вохӯрӣ сурат гирад ва он ҳам агар тасодуф набошад, банди хаёлот хоҳӣ шуд; атрофи феълу атвори ӯ андеша хоҳӣ кард, ки чӣ гуна асту ӯро чӣ гуна гуфтору рафтор буда. Ғарқи чунин андеша ману Нусратулло Исматов вохӯрдем. Аввалин чизе ки аз суҳбат пай бурдам, ин буд, ки акои Нусратулло бо забони шевои тоҷикӣ ҳарф мезад, ҳол он ки баъзе мансабдорони тоҷик бо вуҷуди дар Тоҷикистон зиндагӣ карданашон бо забони тоҷикӣ хуб суҳбат карда наметавонанд ва дигар ин ки хислати сирф тоҷиконаи ӯ ҳифз шудааст.

2 migrants 355445

Ҳамин тариқ, суҳбати мо ба ҳар тарафе майл мекард ва хоксории ин мард он гумонҳои қабл аз вохӯрӣ доштаамро ботил мекард. Тавре раванди суҳбат ҷараён мегирифт, ки гӯё мо шиноси дерина бошем. Агар ба тарзи дигар ифода намоям, суҳбати мо чун мансабдору рӯзноманигор набуд, ҳол он ки чунин суҳбат бо мансабдорони тоҷик хилофи чашмдошт аст, балки чун ду тоҷике суҳбат мекардем, ки солҳо боз ҳамдигарро надидаанд.

Нусратулло Исматов аз ҳоли муҳоҷирин суҳбат мекард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як касе дар роҳи расидан ба мақсад аз роҳи қонуну худсозӣ кор гирад, албатта, ба мақсад хоҳад расид, на он ки ба хориву залилӣ гирифтор шавад. Барои тасдиқи ин ҳарфҳояш мавсуф аз Мукаррамхӯҷа Маҳмудов, як шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Исфара ёдовар шуд, ки феълан ошхонаеро зери унвони "Таджикская кухня" ифтитоҳ намуда, ғизои миллии тоҷиконро пешкаши муштариён менамояд.

Ба қавли Нусратулло Исматов, солҳои 1999-2000 ба ин сӯ Мукаррамхӯҷа Маҳмудов ба Волгоград омада, дар бозор хушкмева савдо мекард, ки он замон тоҷикон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ буданд. Замоне ки ҳамватани исфарагии мо ба тиҷорати хушкмева банд будааст, Нусратулло Исматов ҳамчун корманди милиса фаъолият менамудааст ва аз эшон кӯмаки худро дареғ надоштааст.

Нусратулло Исматов мегӯяд, "он замон фаъолият дар бозор мушкил буд. Аз як ҷониб ҳуҷҷатгузории коло, аз ҷониби дигар хуҷҷатгузориҳои худи фурӯшанда ва ҳамчунин милисаҳову соири монеаҳо ҳамватанонро азият медоданд. Он замон, ки корманди пулис будам, имкон доштам, тоҷиконро кӯмак намоям, вале онҳо маро намешинохтанд. Бинобар ин ҳангоми бозор рафтан агар тоҷикеро медидам, худро муаррифӣ намуда, омодагиямро баҳри кӯмаки эшон изҳор медоштам".

Баъди масъулияти намояндагии Хадамоти муҳоҷиратро ба уҳда гирифтани Нусратулло Исматов ӯ бештар муаррифӣ шуд. Чун масъулияти бевосита, ки гирифт, пайи ҳимояи ҳуқуқи ҳамватанони мо дар Волгоград мустаҳкамтар камар баст. Ҳоло яке аз даргоҳҳои умеди тоҷики муқими Волгоград дафтари кории Нусратулло Исматов мебошад.

Арқоми телефони ӯро кулли муҳоҷирини тоҷики волгоградӣ медонанд, агар надонанд ҳам, дарёфти шумораи телефонии ӯ кори чандон душворе нест. Худи манн дар он муддати кутоҳе, ки ҳамроҳаш будам, шоҳиди занг задани чандин ҳамватан шудам. Агар яке бо дархости "Варақаи бозгашт ба Ватан" ба ӯ муроҷеъ шавад, дигар ба мушкилоти бақайдгирӣ рӯ ба рӯ шуда ва саввумиро корфармо ҳаққ-ул-заҳмат надодааст ва ё ҳуқуқашро нақз кардааст. Ҳатто ҳолате низ шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистонро аз қайди бардагӣ вораҳонидааст.

Мавсуф нақл мекунад, ки моҳи ноябри соли 2011 Насруллоҳ Шоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба хадамот ҷиҳати ба мушкил гирифтор шудани Наргис Қодирова, ҷиянаш дар Русия иттилоъ дода, дархост намудааст, ки кормандони хадамот кӯмакаш намоянд. Дар аризаи муроҷиаткунанда тахмин зада мешуд, ки Наргис Қодирова дар минтақаи ҷанубии Федератсияи Русия аст.

"Баъди расидани ин иттилоъ ба якчанд навоҳии вилояти Ростов сафар кардам, ки ахиран, Наргису кӯдаконаш - Ширинмоҳ 15 ва Руҳангези 13 - соларо аз деҳаи "Красноармейский"-и ноҳияи Мартинов пайдо намудам. Ӯро Мадина Одинаева, яке аз ақрабои худаш, ки шаҳрванди Русия будааст, даъват намуда, ба соҳибкоре бо номи Мӯсо Муҳаммадов ба кор медиҳад. Наргис бо корфармо шартномае набаста буд. Ба гуфтаи Наргис, онҳо дар чарогоҳе машғули кор будаанд ва Мӯсо Муҳаммадов мегуфтааст, ки дар ҳоли норозӣ будан аз шароити фаъолият дар чарогоҳ ӯро ба Доғистон хоҳад фиристод, то оне ки масрафоти корфарморо ҷиҳати овардани Наргис Қодиров ба Русия пардохт накунад. Аммо мо талош варзидем, ки ӯ ба Ватан баргардад", меафзояд ҳамсуҳбатам.

Оре, талоши ӯро барои рафъи мушкилоти ҳамватанон ҳар замон эҳсос мекардам. Ҳуҷҷатҳои зиёде дар даст дошт ва пайи амалӣ гаштани он масоил талош мекард. Чун аъмоли ӯ дидам, бардоштам ин шуд, ки корҳои ба анҷомрасонидааш масрафоти зиёде талаб менамоянд. Бинобар ин пурсидам, ки ӯ пулакӣ хидмат мерасонад ё ройгон. Агар ройгон аст, аз куҷо маблағ пайдо кардан мумкин аст. Бо табассуми ҳамешагӣҷавоб дод, "агар корҳо ройгон иҷро шаванд, талош барои омода намудани ҳуҷҷату дигар талабот бепул намешавад.

Ё худ вақте ҳамватане ба беморие гирифтор мешаваду ӯро нахуст як каме муолиҷа кардан лозим аст. Баъдан маблағ зарур аст, ки ӯро  ба Ватан боз бифиристем". "Дар чунин ҳол, маблағ аз ҳисоби кист?", суолаш кардам. Дар ҷавоб гуфт, "агар каси ба мушкил мувоҷеҳшуда бо кордиҳанда шартнома дошта бошад, кӯшиш мекунам, масрафро кордиҳанда пардозад, агар не, ин ҷо ҳастанд бародарони тоҷике, ки шароити хубтар доранд, ба онҳо муроҷиат мекунам, эшон низ кӯмаки худро дареғ намедоранд. Ҳатто ҳолатҳое низ мешаванд, ки қарз менамоям ё аз ҷайби худам сарф мекунам".

Нусратулло Исматов дар иртибот ба ин масъала аз зимистони соли гузашта ёдовар шуд. "Чун ин ҷо корҳо мавсимиянд, баъди ҳосилғундорӣ талош менамоем, ки кулли муҳоҷирин ба кишвар баргарданд, зеро дар фасли сармо бекору бе манзили зист мемонанд. Бинобар ин зимистони гузашта зане ҳудуди 40 ҳазор рубл қарз пурсид, аз руфақо пул гирифта, эҳтиёҷоти ӯро бароварда сохтам, аммо то ҳол қисме аз қарзро баргардонидааст...

Бо вуҷуди ин ҳама Нусратулло Исматов андешаи гирифтани пулро дар сар намепарвард, баръакс калимаи "тоҷик"-у "Тоҷикистон" вирди забони ӯсту ҳамвора талош меварзад, то номи тоҷику Тоҷикистон ба тарзи манфӣ ёд нашавад. Ба таври дигар ҳимояи тоҷик томияти зиндагии ӯст. Инро ҳангоме мушоҳида намудам, ки ӯро занг мезаданду дар вохӯриҳо ҳамеша таъкид мекард, ки "коре кунед, то Тоҷикистону тоҷик ҳамеша ба тарзи мусбат ном гирифта шавад".

Гузашта аз ин метавон дар бораи сифоти нек ва кӯмакҳои ин марди наҷиб суҳуфи зиёдеро дарҷ кард, аммо фикр мекунам, аллакай хонандаи мо дарк кард, ки Нусратулло Исматов кисту ба чӣ талошҳое қодир…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi