12:32:45 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗУҲУРИ «РАСТОХЕЗ» – НАХУСТИН НАШРИЯИ ОЗОДИ МИЛЛӢ

11-уми марти соли 2012 мардуми шарифи Тоҷикистон 100-солагии рӯзи ба нашр расидани нахустин шумораи  аввалин рӯзномаи тоҷикиро дар қаламрави аморати Бухоро «Бухорои Шариф», ки ҳамзамон иди «Рӯзи матбуоти Тоҷикистон» эътироф гардидааст, ҷашн мегиранд.

rastokhez«Бухорои Шариф» дар бедории афкори сиёсиву маорифпарварии зиёиёни аморати Бухоро нақши созанда бозидааст. Хуб аст, ки дар ин бора имрӯзҳои маводҳои ҷолибе дар матбуоти мо ва расонаҳои электронӣ ба нашр мерасанд. Вале дар баробари ин имрӯзҳо аз фаъолияти он нашрияҳое, ки дар густариш афкори истиқлолхоҳии мардум дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати шоёне карданд ёд намудан ба маврид ва хеле муҳим аст.

«Растохез»- нахустин нашрияи озоди миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Мо дар зер матлаберо аз китоби Шарофиддини Имом – муовини вақти раиси Созмони Мардумии Растохез «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ, менамоем.

Маъракаи террори маънавӣ ва сиёсӣ таъсиси нашрияҳои озоду мустақилро таъхирнопазир намуд. Бояд зикр кард, ки ин зарурат аз қабл дарк гардида буд ва баъзе талошҳо дар ин роҳ сурат гирифт, вале шароити мусоиди ҳуқуқӣ, қонунӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ вуҷуд надошт. Иловатан, бар асари густариши раванди бозсозӣ фазои нисбатан бози нашаротӣ ва матбуотӣ ба вуҷуд омад ва қисмати муҳимми маводи илмӣ, маърифатӣ ва созмонӣ ба нашр расиданд.

Баъди воқеоти февралӣ ва амалан ҷорӣ гардидани сензура (сонсур) вазъият ҷиддан тағийр ёфт: имкони нашр барои Растохез тақрибан аз байн рафт, дар ҳоле ки сели тӯҳмату бӯҳтон ба сари созмон ва рӯшанфикрон мерехт. Аз ҷониби дигар раванди бозсозӣ бар хилофи сиёсати сардамдорони Тоҷикистон дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ торафт густариш меёфт ва даричаи нав барои Растохез мекушуд.

Бо истифода аз имконоти матбуоти марказӣ баъзе мавод ба нашр расонида шуд; муҳимтарин гом дар ин арса нашри матни гузориши Комиссияи Шӯрои Олӣ дар мавриди воқеоти февралӣ дар нашрия «Согдиана» буд, ки бо мусоидати самимона рӯшанфикрони тоҷики муқими Маскав, бахусус Искандари Хатлонӣ, Ҳокимшоҳ Муҳаббатов ва Парвиз Муллоҷонов сурат гирифт ва парда аз рӯи хеле ҳақоиқ бардошт, ки дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ангезаи мусбат дошт. (Зимнан, комиссияи мазкур маводди ниҳоят азим дар ихтиёр дошт ва қодир буд чеҳраи воқеии фоҷиаи февралро бозгӯ кунад.

Вале комиссия ва раиси он - Сафаралӣ Кенҷаев чунин ҳадаф надоштанд. Ва ин ҳисоботи нисбатан ноқис низ аз ҷониби С.Кенҷаев ҳамчун василаи фишор ба Қаҳҳор Маҳкамов арзиш дошт. Ин матлабро С.Кенҷаев ба раиси Растохез, ки аз ӯ тақозои нусхаи ҳисоботро карда буд, сареҳан радд ва аз додани он ибо кард. Ин тактикаи С.Кенҷаев коргар афтод ва Қ.Маҳкамов ӯро Раиси Кумитаи назорат аз болои қонун ва қарорҳои Шӯрои Олӣ таъйин кард. Ш.И)

Вале ин нокифоя буд ва СМР дар садади таъсиси нашрияи озоди мустақил шуд. Масъалаи чопи нашрияи «Растохез» дар моҳҳои март-апрели соли 1990 хислати бештар амалӣ-конкретӣ гирифт: зарурати таъхирнопазири он дар сатҳи раҳбарии Растохез дарк гардид ва пешбурди корҳои омадагӣ ва амалӣ ба дӯши узви Раёсат Аҳмадшоҳи Комил вогузор шуд. Ин интихоб тасодуфӣ набуд.

Аввалан, Аҳмадшоҳи Комил аз аъзои босубот ва матини Растохез буд ва ба идеалҳои он садоқати қалбӣ дошт; дуввум, ӯ аз рӯзноманигорони хеле хушсалиқа буд, ки фаҳму дарки баланди муҳарририро соҳиб буд; севвум, Аҳмадшоҳи Комил аз рӯзноманигорони дигари миллӣ ва демократӣ, ки дар ҷумлаи онон рӯзноманигорони хуб ва маъруф кам набуданд, бо ҳадафмандӣ, талошу кори мушаххас ва пайгирӣ дар кори мавриди назар фарқ мекард. Ҳамчунин назари интиқодӣ ва муносибати ошкору рушоди ӯ низ ба нафъи кор буд, ки фавран ба ин кор бо тамоми ҷиддият ва масъулият даст зад. Беҳтар аст ҷараёни ин кор аз навишти худи ӯ инъикос гардад, ки бо хоҳиши муаллифи ин китоб таҳия гардидааст:

tohir-abdujabbor«Моҳи апрели соли 1990 Раиси Созмони Мардуми Растохез Тоҳири Абдуҷаббор маро бо ҳузури худ хонда, дар иштироки муовинаш Шарофиддини Имом ба ман ташкили рӯзномаи созмонро супориш дод. Ман матлаберо, ки дар дасти аъзои Раёсат буд гирифта, чанд муддат дар компютерҳои Донишгоҳи Политехникӣ бо кӯмаки аъзо ва ҷонибдорони Растохез ба таври пинҳонӣ ба чопи матолиби рӯзнома шурӯъ кардем. Мехостем маводро бо компютер чоп намуда, пас онро ба тарзи дастӣ сафҳабандӣ кунем ва сипас аз он акс бардорем ва саҳифабандӣ кунем. Вале ба сабаби номувофиқ будани компютерҳо ин кор ғайримумкин гардид...

Пас аз чанд рӯз мо бо як рафиқи литвонӣ, ки барои мулоқот бо роҳбарии Растохез ба Душанбе омада буд, ҳамсӯҳбат шудем. Аз ӯ суол кардам, ки оё метавон дар кишвари онҳо нашрияро ба табъ расонем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки аз ин корҳо дур аст, вале бовар дорад дар кишвараш одамоне ҳастанд, ки дар ин кор ёрӣ мерасонанд. Сипас устод Тоҳири Абдуҷаббор маслиҳат доданд ба он ҷо биравам ва барои иҷрои ин кор аз хазинаи созмон бароям миқдоре пул ҷудо карданд.

Мо дар шаҳри Вилнюс бо роҳбарон ва фаъолони Созмони мардумии Литва «Саюдис» мулоқот доштем ва аз онҳо хоҳиши кӯмак кардем. Ду нафар аз роҳбарони созмон, ки узви парламони Литва буданд, пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ, баъд аз 16-рӯзи мунтазирӣ корхонаи нашри рӯзномаро бароямон муаррифӣ карданд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 1990 ҳанӯз ИҶШС побарҷой буд ва нашри як рӯзомаи махфӣ тақрибан аз имкон берун буд. Дар чунин ҳолат танҳо ҷавонмардоне чун литвониҳои ватандӯст чопи «Растохез»-ро бар ӯҳда гирифтанд.

Чопи рӯзномаи «Растохез»-ро як узви фаъоли «Саюдис» шабонгоҳ, пинҳонӣ аз мақомоти зудамали КГБ анҷом медод. Ҳамин ки рӯзнома аз мошини чоп берун меомад, мо ба дасти холӣ ба Душенбе бармегаштем. Вазифаи интиқоли нашрияи «Растохез» аз Вилнюс то Душанбе бар ӯҳдаи дӯстони армании мо буд, ки дар ин замина хидмати бебаҳое анҷом доданд.

Дар давраҳои аввал нашрияро ба шаҳрҳои дуртар аз Душанбе чун Самарқанд, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор меоварданд. Дар Душанбе ва саросари Тоҷикистон «Растохез»-ро асосан аъзои созмон пахш мекарданд. Бастаҳои рӯзнома ба хориҷи Тоҷикистон, бахусус Самарқанд, Бухоро, Маскав ва Афғонистону Эрон низ мерасид...

Дар ин миён панҷ шумора дар Литва, як шумора дар Арманистон, як шумора дар Қиризистон ба табъ расид, ки мавзӯи интиқоли онҳо ба Тоҷикистон кори сангине буд. Чанд шумораи рӯзномаро баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Кофарниҳону Душанбе ба табъ расонидем. Дар соли 1991 бар асари фишорҳои сиёсӣ 3-4 шумораи «Растохез» бо номи «Дунё» ба табъ расид, вале баъд боз дубора номи аслии нашрия барқарор ва маҷмуан 14 шумора ба табъ расид ва бо шуруъи ҷанги дохилӣ нашри «Растохез» ба поён расид.

Дар кори таҳриру чопи нашрия, муовини сардабир Маҳмадалии Ҳаит, ки воқеан дар кори таҳриру баррасии мавод ва интиқолу пахши рӯзнома ёрии самимона мерасонд, то шумораҳои охир ҳамкорӣ кард. Дар шумораҳое, ки дар Тоҷикистон нашр шудаанд, асосан Раҳматкарими Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шодравон Насими Назруллоҳ ёриву мадади ҳамаҷониба расониданд.

Нашрия «Растохез» ба унвони нахустин рӯзномаи пинҳонкор дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзгори сиёсиву фарҳангии кишвари мо – Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ нақши босазое касб карда буд. «Растохез» қолабҳои схоластикии замони шӯравиро шикаста, нахустин бор сухани озод ва проблемаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Шӯравӣ ва кишвари Тоҷикистонро фошофош ба маърази афкори мурдум вогузошт. Интихоби мавзӯъ, таҳлили воқеаҳову рӯйдодҳо, пешниҳоди роҳҳои халосӣ аз мушкилоти мавҷуда – ҷанбаи асосии маводи нашрияро ташкил медод.

Навиштор бо забони шевои тоҷикӣ, истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти тозаи рангин, на танҳо ҳусни таровати нашрияро боло бурда буд, балки ин раванд дар тамоми соҳаҳои фарҳанги кишварамон таъсири амиқе ворид кард ва ба ин маънӣ нашрияи «Растохез»-ро метавон бунёдгузори таҳаввулоти забониву журналистӣ дар Тоҷикистон номид.

Раванди тозакориҳои забонӣ ва хабарнигорӣ аз нахустин шумораҳои «Растохез» оғоз шуд ва минбаъд ба як ҷараёни муқтадири тозаандешӣ дар кишвар табдил шуд, ки хушбахтона, то имрӯз идома дорад ва пофишориҳои як тӯда болонишинони кӯҳнапараст ва ақибгаро натавонист садди роҳи ин маҷрои қудратманд бишавад.

Аз сӯи дигар, дар замене ки ҳанӯз чопи компютерӣ вориди Тоҷикистон нашуда буд, нашри «Растохез» бо услуби компютерӣ (манзур ҳарфҳои хонову яксон ва рӯшани компютер дар муқобили ҳуруфи дағалу ноҳамвор ва чашмхиракунандаи дастгоҳҳои фарсудаи Тоҷикистон буд) дар коғази сифати нав таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб карда буд.

Ҳарчанд ки кормандони КГБ ба манзури пешгирӣ аз чопу пахши нашрия тадбирҳо меҷӯстанд, вале шумораҳои «Растохез», ки дар хориҷ аз кишвар ба нашр мерасид, то Бухорову Самарқанд, Панҷакенту Ҳисор ва ниҳоят ба Душанбе мерасид. Мо аъзои созмон бо василаҳои мухталиф бастаҳои нашрияро ба Душанбе мерасондем.

Албатта аъзои роҳбарии Созмони Растохез ва фаъолони ҷунбиш ва кормандони рӯзнома баъди чопи ҳар шумора мавриди бозпурсӣ ва тафтиши шабакаҳои КГБ мешуданд, вале ин аъмол дигар наметавонист садди роҳи таҳаввулоти ҷомеа шавад.

Дар кори таҳлилу барраси матолиби рӯзнома хоса Раиси СМР Тоҳири Абдуҷаббор, Муовинони Раис Шарофиддини Имом ва Муҳаббати Қаноат, муовини сардабир Маҳмадалии Ҳаит ва хабарнигорон Раҳматкарими Давлат, Насими Назруллоҳ ва Раҳматуллои Раҷаб ёрии самимона ва бевосита мерасониданд...

Дар «Растохез» навиштаҳои тозаи шахсиятҳои маъруфи кишвар – аъзои Растохез устодон Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, олимони шинохта Тоҳири Абдуҷаббор, Шарофиддини Имом, Халифабобо Ҳамидов, ашъори тозаи устод Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Фарзона, Шаҳрия, Сайдмуддини Оймаҳмад ва даҳҳо олимону хабарнигорон ба табъ расидаанд.

«Растохез» – насими тозаи субҳгоҳӣ буд, ки дар фазои ғуборолуди меҳани мо сабук вазид ва нафаси тозае буд барои ҳазорон ташнагони сухани нав, дар қолаби тоза, оҳангу шеваи тозаи забон».

Ба ин навишта бояд чанд нуқта изофа гардад: раҳбарии созмон фақат бунёдгузор ва созмондеҳи нашрия буд, балки тамоми ҷараёни фаъолияти онро назорат ва самтдиҳӣ мекард: масалан мақолот ва навиштаҳо аз ҷониби тақрибан тамоми аъзои ҳайати таҳрир, ки аксаран аз роҳбарии созмон буданд, мавриди баррасии амиқ қарор мегирифтанд; дар навбати охир мақолот ва навиштаҳоро муаллифи ин китоб ва Тоҳири Абдуҷаббор мутолиа ва таҳрир мекарданд.

Ин сахтгирӣ ва нуктагирии дақиқ, амри ниҳоят судманд буд: дар натиҷа аксари мутлақи мавод асоснок, таҳлилӣ, пурмазмун ва бо сабки баланд ба табъ мерасид, ки баъди 10 сол ҳам мутолиаи онҳо касро дар хиҷолат намегузорад. Албатта дар рӯзнома навишта ва шеърҳои носуфта ва дағалу таҳқиромез аҳёнан вомехӯранд, ки аксари онҳо бо ибтикор ва аъмоли худсаронаи Мирбобо Мирраҳимов дар ду шумораи «Растохез» ба табъ расидаанд.

Бо ин ҳама «Растохез» ҳамчун нахустин нашрияи озоди миллии Тоҷикистон дар таърихи кишвар воқеаи муҳим буд ва маҳбубияти хос касб кард. Фаъолияти дастандаркорони он, бахусус, Аҳмадшоҳи Комил ва роҳбарии Созмон дар он шароит корнамоӣ буд. «Растохез» оғозгари таъсиси нашрияҳои озод гардид, ки зуҳури онҳо баъди чанд моҳ дар шароити нисбатан хос сурат гирифт.

Аз китоби Шарофиддини Имом – муовини вақти раиси Созмони Мардумии Растохез дар китоби «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон», Душанбе, 2003. саф. 182-185.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi