22:18:53 04-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ ГУРӮҲЕ АЗ РӢЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК БА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

Ҳамзамон бо баргузории нишасти САҲА дар Қазоқистон - раҳбари даврии САҲА масъулини чанд расонаи мустақили Тоҷикистон дар назди сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, номаи нигаронии худро аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон тақдим намуда, хостори кӯмаки САҲА шудаанд.

 

dustovДар ин нома ба унвонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ки кишвараш раёси давраии САҲА -ро ба ӯҳда дорад, хабарнигорон аз фишор болои матбуот ва басташавии расонаҳои озод изҳори нигаронӣ карда, хостори мусоидати Қазоқистон ба унвони раиси даврии САҲА дар рафъи ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон шудаанд. Ба ин нома, аъзои Кумитаи 29 -уми сентябр, аз ҷумла Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ", Зафар Абдуллоев, муассиси хабаргузории "Авесто", Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" ва Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ имзо гузоштаанд.

 

САҲА аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон нигарон аст

Дар пайи адами дастрасӣ ба чанд сомонаи маъруфи дохиливу хориҷии интернетӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru, centrasia.ru САША нигаронии худро аз вазъи озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон баён карда буд. Қаблан Дуня Миятович дар номааш ба вазири хориҷаи Тоҷикистон аз парвандаҳои зидди чандин нашрия, бо шумули “Азия Плюс”, “Фараж”, “Озодагон”, “Пайкон” ва “Миллат” низ ёдовар шуда, гуфта буд, баста шудани ин нашрияҳо, гуногунандешии ҳосилшуда дар расонаҳои чопии Тоҷикистонро башиддат коҳиш медиҳад. Хонум Миятович изҳори умедворӣ карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бо дарки аҳамияти гуногунандешии матбуот аз ин роҳи бадшавии вазъи озодии матбуот пас хоҳанд гашт.

 

Кумитаи 29-и сентябр

Пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис дода буданд. Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо, яъне 29 -уми сентябр гирифта шуда, ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон будааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3719-2010-12-01-09-31-20.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854