02:18:32 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

НЕЪМАТОВ: “ВАРЗИШГАРОН БА КӮМАКИ САРПАРАСТОН НИЁЗ ДОРАНД”

Ширкати 16 варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон, бузургтарин мусобиқоти варзишӣ дар соли 2012-ум ба шумор меравад. Ин нукта дар гузориши Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ барпо гардид, таъкид шуд.

/images/stories/2013/01/08_maliksho-nematov-080113.jpgӮ гуфт, “муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон барандаи медали биринҷӣ гардид. Ин дастоварди ӯ, умуман, дастоварди дастаи мунтахаби олимпии кишвар буд. Дарвоқеъ, ин севумин медали Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Аввалин медалро ба Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин-2008 дзюдочӣ Расул Боқиев оварда буд. Медали дувуми олимпиро дар ин Олимпиада дар пойтахти Чин Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод соҳиб шудааст.”

Ҷаноби Неъматов дар идомаи гузориши худ ба хабарнигорон гуфт, “мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010-ум баён гардидаанд, “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015” қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ҷумҳурӣ бо харҷи беш аз 242 миллион сомонӣ наздики 2400 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боиси зикр аст, ки имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 115 варзишгоҳ, 43 ҳавзи шиноварӣ, 5076 майдончаи оддии варзишӣ ва 1036 толори варзишӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба тарбияи бадан ва солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.Соли гузашта 191 нафар варзишгари тоҷик дар 77 чемпионати ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 406 медал, аз ҷумла, 106 медали тилло, 117 медали нуқра ва 183 медали биринҷӣ гардиданд. ”

Вале ҷаноби Неъматов иброз дошт, ки дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Ӯ гуфт, “барои варзиши касбӣ, ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, байналмилалӣ ва олимпиадаҳо, аслан, федератсияҳои миллии варзишӣ ҷавобгӯанд. Вале аз сабабе ки имконият надоранд, имрӯз масъулият ба дӯши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон вогузор гардидааст ва ҷавобгӯ Кумита мебошад. Ин масъулияти хеле баланд аст. Бояд гуфт, ки барои як варзишгари касбиро омода карда, ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ равона кардан камтарин барнома 250 ҳазор евро нарх дорад. Вале варзишгарони мо бо имконияти хурдтарин, бо имконияте, ки имрӯз даст мерасад ва фароҳам омадааст, аллакай натиҷаи ҷаҳонӣ дода истодаанд.”

Маликшо Неъматов, раҳбари ташкилоти варзишии кишвар, таъкид намуд, ки варзишгарони тоҷик имрӯз ба дастгирӣ ва кӯмаки молии сарпарастон ниёз доранд. Вай афзуд, “дар омода кардани кадрҳо, тайёр намудани варзишгарони баланддараҷа мо ба мураббиёни сатҳи ҷаҳонӣ зарурат дорем. Вале барои ҷалби чунин мураббиён имрӯз аз нигоҳи иқтисодӣ буҷаи давлат имкони молӣ надорад. Бинобар ин мо дар оянда бо ҷалби сарпарастон ин масъаларо ҳал хоҳем кард.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi