10:49:19 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚАДРШИНОСИИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР КӮЛОБ

Кӯлобшаҳр, ки зодгоҳи барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева мебошад, аз соати ғалабаи Мавзуна дар Лондон барои истиқболи ӯ омодагӣ гирифт.

/images/stories/2012/08/18_mavzuna-chorieva-180812.jpgДар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи вижае истиқболи қаҳрамондухтари кӯлобӣ таҳия гашта, мутобиқи он роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо кули ҷамоатчигии шаҳр Мавзунаро дар даромадгоҳи шаҳр бо гулу гулдаста ва дафу най истиқбол мегиранд ва корвон тавассути кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маҳалли зисти Мавзуна- кӯчаи Якуми Майи шаҳр раҳсипор мешавад.

Ҳамчунин ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди маҷмааи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб як барнома бузурги ҳунарӣ бо иштироки чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик аз ҷумлаи Сураё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳринигори Рустам баргузор  шуд.

Тасмим аст дар ин рӯз ба Мавзуна  аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷ ҳуҷрадор супорида шавад. Бояд гуфт ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии Мавзуна Чориева охири кор нест. Чанде аз соҳибкорони кӯлобӣ низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб низ нақшаеро тартиб дода аст, ки ояндаи наздик вохӯрии Мавзуна Чориева бо ҷавонони шаҳр, донишҷуёни макотиби олӣ ва мӯҳасилини макотиби миёна баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Суҳробшои Фаррухшо, сухангӯи шахри Кӯлоб ба  хабаргузории «Рӯзгор» иттилоъ дод.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi