ҲНИТ БА ҶОИЗАДОРОНИ ОЛИМПИАДА ХОНА ВАЪДА КАРД
Ҳизби Наҳзати Исломӣ эълом кард, ки барои ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 аз Тоҷикистон манзил медиҳад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ рӯзи 20-уми май гуфт, барои ҳар кадоме аз варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои сивуми олимпӣ дар Лондон ҷойҳои аз як то сеюмро соҳиб мешаванд, манзили дуҳуҷрагӣ тақдим хоҳад шуд.
Ин нуктаро ҷаноби Кабирӣ дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май таҷлил мешавад, дар қароргоҳи ин ҳизб баён дошт. Ӯ гуфт, ҳатто ҲНИТ омодааст, бархе аз ҳаводоронро ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба Лондон аз ҳисоби худ бифиристад, агар мақомот барои онҳо низ “квота” ҷудо кунанд.
Дар ин маҳфил ҳамчунин раҳбари ҲНИТ ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ва таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов барои пешрафтҳояшон ифтихорнома ва мукофот тақдим кард.
Аз ин пештар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи Лондонро аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ интизор аст. Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ҳар як барандаи медали тило 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Инчунин, бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандкунии варзишгарони беҳтарини пойтахти кишвар” ба барандагони медалҳои тилои Бозиҳои олимпӣ манзилҳои дуҳуҷраӣ ва унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад.
Ба варзишгарони Душанбе, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукфотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
То кунун варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Лондон 13 роҳхат ба даст овардаанд, ки онҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до ширкат мекунанд.
«Озодӣ»