10:49:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ЛАТУКӮБИ ДАЛЕР ШАРИФОВ, ХАБАРНИГОРИ ТЕЛЕВИЗИЮНИ "САФИНА"

Далер Шарифов, корманди телевизиюни "Сафина" ва аз муассисони созмони "Қадам ба қадам" мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифтааст. Ин ҳодиса шоми душанбеи 7 май дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе рух дода ва дар пайи он оқои Шарифов дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон мунтақил шудааст.

Далер ШарифовОқои Шарифов дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки шоми рӯзи гузашта ҳамроҳи дӯсташ озими фурӯшгоҳе дар ин қисмате аз пойтахти Тоҷикистон шуда ва ногаҳон чанд нафар ба онҳо ҳамла кардаанд. Вай гуфт: "Баъд аз чанд зарба ман аз ҳуш рафтам ва вақте ба худ омадам, худро дар бемористон дарёфтам. Дӯстам хабар дод, ки маро бо токсӣ ба бемористон овардаанд."

Ба гуфтаи Далер Шарифов, ӯро ҳудуди ним соъат латукӯб кардаанд ва ба ин далел ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Феълан пизишкон ба дармони ҷароҳатҳояш машғуланд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, маъмурони пулис дар пайи ин ҳодиса як тан аз афроди муҳоҷимро боздошт кардаанд ва нафаре, ки оқои Шарифовро шоми гузашта ҳамроҳӣ мекард, ин ҷавони муҳоҷимро шинохтааст.

Дар посух ба ин суол, ки чи ангезае омили ҳамлаи ин афрод шудааст, оқои Шарифов гуфт, ки дар ин бора фарзияи дақиқе надорад, вале ахиран тавассути телефун ва пусти электруник аз сӯйи афроди ношинос номаҳое бо дархости дидор ва таҳдид дарёфт кардааст.

Оқои Шарифов мегӯяд, ки узви ҳеч як аз аҳзоби сиёсӣ нест, вале бо ин вуҷуд бо бархе аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошноӣ дошта ва муддате дар манзили Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, раҳбари фақиди ин ҳизб, зиндагӣ кардааст. Вай афзуд, ки аз муассисони созмони "Қадам ба қадам" аст, ки муқобала бо фасод ва маҳаллгароӣ дар Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додааст. Вале ин созмон то ҳол сабти ном нашудааст.

Далер Шарифов донишҷӯйи соли панҷуми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва ҳамзамон дар телевизиюни давлатии "Сафина" фаъъоолият мекунад. Аз ҷумла, оқои Шарифов муҷрии барномаҳои телевизюнии "Муъошират" ва "Қатрае аз баҳр..." дар ин шабака аст.

Барои бори нахуст нест, ки хабарнигорон дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегиранд. Соли гузашта Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мавриди чунин ҳамла қарор гирифт. Ҳарчанд созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони ҳам дохилӣ ва ҳам байналмиллалӣ хостори таҳқиқи сареъи ин қазия шуда буданд, вале то ҳол омилони ин ҳодиса боздошт нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик аз афзоиши мавориди ҷароим, аз ҷумла авбошӣ дар миёни ҷавонон, изҳори нигаронӣ мекунанд. Ахиран Президент Раҳмон низ аз мақомоти марбутаи кишвар хост, ки дар қиболи афзоиши ҷароим дар миёни ҷавонон тадобире анҷом диҳанд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе се тан аз муттаҳамон ба қатли Парвиз Давлатбеков, сокини 24-солаи шаҳри Душанберо, ки шоми 31-уми декабри соли 2011 дар пайи ҳамлаи гурӯҳе аз ҷавонон кушта шуд, ба муддати чаҳор то ба даҳ сол равонаи зиндон кард.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi