09:14:34 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

РАИСИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ: "БОИСТЕЪДОДҲО НОУМЕД НАМЕРАВАНД"

Гуфтугӯи Искандари Хоҷа Мирзода бо раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Убайдулло Қурбонов.

-Шумо як ҷарроҳӣ варзида ҳастед, оё наметарсед, бо ин вазифаи масъуле, ки бар дӯш доред, ба як мансабдори маъмулӣ табдил меёбед?

/images/stories/2012/04/25_rektori-tibbi-25412.jpg-Новобаста аз он ки роҳбари Донишгоҳи давлатии тиббӣ ҳастам, дар як сол тақрибан 200 амалиёти ҷарроҳиро низ анҷом медиҳам. Ҳар рӯз аввал соати 6-и субҳ ба беморхона рафта, як ё ду амалиётро мегузаронам. Баъд, соати 9 ё 10, ба донишгоҳ омада то бегоҳ дар ин ҷо кор мекунам. Бегоҳ пеш аз хона рафтан ба беморхона даромада аз вазъи беморон огоҳ мешавам. Бар иловаи ин, вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси Миллӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ, илм ва маорифро низ бар дӯш дорам. Аз ин тақдире, ки дорам, хушҳолам.

-Шунидем, ки аввалин бор амалиёти шинонидани мӯйи сарро дар Тоҷикистон як сол пештар таҷриба кардаанд...

-Бале, якуним сол пеш ин амалиёт дар Тоҷикистон анҷом шуда буд, аз тарафи гурӯҳи мо, аз тарафи банда. Фақат ба як хотир, рости гап. Бисёр ҷавонҳои мо, абармардҳои мо, ки мӯйи сарашон рехта ва қисми сарашон бемӯй аст, дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ амалиёт мегузаронанд. Дар Эрон ҳам ин чиз хеле рушд кардааст. Ҳамин хел суол ба миён омада буд, ки оё ҷарроҳони мо аз ӯҳдаи ин кор мебаромада бошанд, ё не. Яъне, ҷарроҳони тоҷик. Чунки агар мо ин корро накунем, мутахассисони хориҷӣ омада ин корро мекунанд. Банда ба хотири нангу номуси миллӣ ин корро анҷом додам.

-Умуман тоҷикон зиёд ба намуди зоҳирии худ аҳамият медиҳанд?

-Хоҳишмандон хеле зиёд ҳастанд барои гузаронидани амалиёти зебоӣ ё эстетикӣ. Тибқи муроҷиати муштариён, мо ин корҳоро анҷом медиҳем. Аз сабаби он, ки ҳадафи мо аз ин корҳо ба даст овардани пули зиёд нест, рости гап, таблиғ ҳам намекунем. Сокинон аз якдигар шунида ба мо муроҷиат мекунанд.

-Оё беҳтар нест, ки каму беш ташвиқу тарғиб бошад, натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он. Шояд аз Афғонистон аст ё Эрон ҳам муштариён муроҷиат кунанд...?

-Имрӯз мо аз Эрону Афғонистон ва Покистону Туркия ҳам муштарӣ дорем. Муроҷиат мекунанд. Хусусияти ин амалиёт дар он аст, ки баъзе вақт мизоҷон дар ҷои зисти худ ин амалиётро намегузаронанд, то барои дигарон ошкор нашавад.

-Шумо солҳои ахир се дафъа муддатҳои тӯлонӣ дар Олмон таҷриба омӯхтед. Оё ин таҷрибаомӯзӣ дар тавсеаи амалиёти зебоисозӣ дар Тоҷикистон нақш доштааст?

-Бисёр амалиёти наве, ки дар даҳсолаи ахир мо ворид кардем, махсусан ҷарроҳиҳои зебоисозӣ ё эстетикӣ ба шарофати мутахассисони тоҷикистониву олмонӣ сурат гирифтааст. Чунки усули бисёр амалиётро мо аз мутахассисони Олмон, аз устодони худ, омӯхта ва дар ин ҷо омада ворид кардем.

-Шумо аз хонаводаи афроди сарватманд набудед, аммо бахтатон хандиду ба Донишгоҳи тиббӣ шомил шудед. Баъдан, дар солҳои ҳаштодум, боз бахтатон хандид, ки ба Санкт-Петербург фиристоданд, то Шумо касби ҷарроҳии реконструктивиро аз худ намоед. Оё имрӯз ҳам ҷавонҳои тоҷик аз деҳот ҳамин хел имкониятро доранд?

-Шурӯъ мекунем аз масъалаи шомил шудан ба донишгоҳҳо. Шояд дар донишгоҳҳои дигар проблема бошад (дар ин бора баҳс намекунам). Аммо аз он рӯзе, ки тими мо ё ман роҳбарриро дар донишгоҳи тиббӣ ба ӯҳда гирифтам, тӯли ҳафт сол фақат бо як нақша кор мекунем. Ягон довталабе, ки донишу саводи кофӣ дошта бошад, ноумед аз донишгоҳи тиббӣ барнамегардад. Ҳарчанд овозаҳо хеле зиёд аст, ки ставкаи воридшавӣ ба донишгоҳ 10 -12 ҳазор доллар аст, ин дурӯғ аст. Баръакс, худи мо истеъдодҳоро ҷустуҷӯ мекунем.

-Дар даврони Шӯравӣ донишгоҳи тиббии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои боэътимод буд ва барои таҳсил дар он аз хориҷа ҷавонон меомаданд. Ҳоло чӣ хел аст?

-Фикр мекунам, даҳ сол пеш донишгоҳи тиббӣ дар ҳолати хеле хеле ногувор қарор дошт. Худи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи маорифу иҷтимоъ дар ҳамин вазъ буд. Аммо дар ин ҳафт соле, ки гурӯҳи мо дар роҳбарияти донишгоҳ кор мекунад, вазъ тағйир кардааст. Барои мисол, ҳафт сол пеш буҷаи солонаи донишгоҳ ҳамагӣ тақрибан то 2 миллион сомонӣ буд (буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ).

Имрӯз яксола маблағгузории донишгоҳи мо 30 миллионро ташкил медиҳад. Ҷои нишасти таълимӣ ба маротиб зиёд шуд, интихоби беҳтарин довталабон, заминаи фанниву моддии донишгоҳ ҳам мустаҳкам гардид. Сканнеру тахтаи электронӣ ва тақрибан 800 компютер дорем. Тамоми шароит, аз ҷумла китобхонаи олӣ дорем. Фикр мекунам, дар ҳамин шабу рӯз Донишгоҳи давлатии тибббии Тоҷикистон аз вазъияти Шӯравӣ ба маротиб беҳтар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi